Ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо ва мақсаду мароми ягонаи мост!
(Аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21.12.2021. ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Боварӣ ба фардои дурахшони Тоҷикистон нишонае аз дӯст доштани ин меҳани куҳанбунёд аст. Албатта Тоҷикистон барои ҳар яки мо бо ҳама ин кӯчакиаш ҷаҳони бузургест, ки дар он мо ҳастию, нангу номуси хешро мебинем ва фардои дурахшону ояндаи неки Ватан аз ҳар яки мо сахт вобаста аст. Танҳо ба азму иродаи қавӣ ва талошҳои пайвастаи содиқона метавон ин меҳанро обод кард. Сухан, ки дар боби азму иродаи қавӣ рафт бояд ин ҷо қайд намуд, ки ин талошро на ҳама карда метавонанд ва на ҳама сазовори номи “ватандӯст” ҳастанд. Ҳар як шаҳрванде, ки дар хоки муқаддаси ин Ватан ба дунё омадаву бузург гаштааст, вазифадор аст, ки ҳар пораи ин сарзамини биҳиштосоро ҳифз намояд. Хонае, ки дар он мо ба дунё омадем, маскане, ки мо дар он бузург гаштему дунёро бо чашми худ дидем, ин Тоҷикистон аст. Оре, ин Ватанро ном – Тоҷикистон аст, ки моро дар оғӯши гармаш чун модари ғамхор парваридаву ба воя расондааст. Бар ивази ин ҳама имрӯз мо дар фазои орому осудаи ин Ватани биҳиштосо осуда зиндагӣ дорему хушбахтем. Албатта ба қадри ин ҳама бояд расид, бояд шукрона кард, ки Худованд ба мо чунин биҳиштро лоиқ донистааст.
Бояд гуфт, ки муҳаббат ба Ватан ва эътиқод ба он дар давраи кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қатра оби Ватан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъю кӯшиш ва ба нафъи Ватан хизмат кардан аст. Бинобар ин насли имрӯзро мебояд ояндаи Тоҷикистон ва миллати куҳанбунёди тоҷикро дар бархурди фарҳангу тамаддунҳои ҷаҳонӣ ҳифз намоянд. Зеро солим нигоҳ дошатани имрӯзу ояндаи давлату миллат танҳо дар он ҳолат барои ҳар яки мо муяссар мешавад, ки аз таъриху фарҳанг ва мероси ниёгонамон огоҳ бошем. Имрӯз, ки аксари қишри ҷомеаро ҷавонон ташкил медиҳанд, нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеа майл ба омӯзиш ва азхудкунии техникаву технология доранд. Вале нисбати паҳлӯҳои мусбати он бештар ба тарафҳои манфӣ майл доранд, ки дар ташаккули камолоти зеҳниву ахлоқӣ ва аз ҳама муҳим дар ташаккули шахсияти онҳо, эътиқоди онҳо ба давлату миллат таъсир ва ё зарбаи шадиде мезанад.
Яке аз сабабҳои асосие, ки шахс ва ё ҷомеаву давлат ва миллатро ба вартаи нобудӣ рӯ ба рӯ месозад маҳз ҳамин омилҳо, яъне камсаводиву тангназарӣ ва ҷаҳонбинии пасти кӯркӯрона мебошад. Имрӯз, ки тамоми шароиту имкониятҳои барои ҷавонон аз ҷониби давлат муҳайё шудааст, мебояд ҷавонон ба қадри ин ҳама ғамхориҳои пайвастаи давлат бирасанд ва ба омӯзишу нигоҳдории мероси гузашта машғул шаванд, то имрӯзро бунёд ва ояндаро дуруст муайян намоянд.
Ифтихор аз гузаштаи таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошӣ. Худшиносии миллӣ ва эътиқод ба Ватан, ҳифзи хотираи таърихӣ, бузургдошти забон ва мероси фарҳангӣ бояд ба он равона карда шавад, ки симои миллат, суннатҳои давлатдорӣ ва расму оинҳои аҷдодӣ ҳарчӣ бештар ташаккул ёбанд.
Имрӯз ҳар яки моро мебояд арзишҳову асолатҳои миллиро аз ҳама гуна манфиатҳои шахсӣ дида бештар ҳифз намоем, зеро нигоҳ ва ҳифз накардани чунини муқаддасот ва унсурҳои фарҳанг боиси нобудӣ ва азбайнравии худи фарҳанг, ҳаёти осоишта ва ваҳдату ягонагии халқу миллат аст. Ҳар яки моро мебояд худшинос ва худогоҳ бошем, то фирефта ва дунболаи ҳар гуна шахсони тангназар, мутаассибу пойбанди хурофотбуда нашавем. Таърихи таълимоти ниёгони мо ҳама талқингари ростиву адолат ва ҳифзу нигоҳдорандаи Ватан – модар, арзишҳои миллӣ ва инсонианд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки агар шахсе ба осори гузаштагон ошноӣ дошта бошад на фақат ғамхори Ватан – модари худ мегардад, балки ҳимоятгару нигоҳдорандаи мақому манзалати аҳли башар хоҳад гардид. Аз зумраи чунин шахсон танҳо нафароне маҳсуб мешаванд, ки худшиносу худогоҳ ва аз таъриху фарҳанги гузаштаи худ огоҳ бошанд, зеро пояи асосии ҳар як миллату давлатро бештар ҳамин арзишҳо ташкил медиҳанд.
Агар дар бобати эътиқод ба Ватан ҳарчанд рӯи саҳифаҳо нависем кам аст. Зеро муҳаббати Ватан – модар муҳаббатест поку беолоиш ва ҷаҳони зебоест беканор. Танҳо моро мебояд ба қадри ин Ватан расем ва шукронаи онро кунем, зеро имрӯзу фардои мо ҳамин Тоҷикистон асту бас!