Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МАШҒУЛИЯТҲОИ АМАЛИИ ИЛОВАГӢ ДАР КАФЕДРАИ “ФАНҲОИ МОРФОЛОГӢ”-И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Машғулиятҳои  амалӣ  як қисми ҷудонашавандаи раванди таълимӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ба шумор меравад.  Дар марҳилаи ҳозираи рушди нигоҳдории тандурустии ватанӣ, ки барои он афзоиши босуръати прогресси илмию техникӣ ва афзоиши талабот ба мутахассисони соҳавӣ хос аст, вазифаи муҳимми муассисаҳои миёнаи касбии тиббӣ, баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон мебошад.

Гирифтани дониш оид ба машғулиятҳои амалӣ ба рушди фаъолияти маърифатии донишҷӯ мусоидат намуда, ӯро аз истеъмолкунандаи ғайрифаъоли дониш ба иштирокчии фаъоли раванди таълимӣ табдил медиҳад. Ин дар навбати худ ба донишҷӯён кумак мерасонанд, ки онҳо мақсад ва вазифаҳои фаъолияти худро ташаккул дода, роҳҳои муассир ва дастраси ҳалли онҳоро таҳлил ва пайдо карда тавонанд, инчунин натиҷаҳоро муҳокима карда, моҳирона баҳо диҳанд ва эътимоднокии онҳоро ба таври боварибахш исбот намоянд.

Баҳри татбиқи амалии гуфтаҳои дар боло зикргардида, роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” зери роҳбарии оқилонаи директори Муассиса, н.и.т, Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода имрӯзҳо дар Муассиса барои донишҷӯён,  имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Дар кафедра аз тамоми усулҳои муосир, тахтаҳои электронӣ, муляжҳо ва банерҳои дарсӣ омӯзгорон мунтазам самаранок  истифода мебаранд.

Инчунин дар кафедра рӯйхати навбатдори оиди гузариши дарсҳои иловагӣ амал мекунад. Фаъолияти рӯйхати навбатдори оиди гузаронидани дарсҳои иловагӣ  самаранок ташкил шуда, дар раванди таълими донишҷӯён, боиси хеле баланд шудани фаъолияти зеҳнӣ, маънавӣ, маърифатӣ ва мустақилияти онҳо мегардад.

Барои пайдо намудани донишҷӯёни фаъоли факултетҳо дар кафедра ҳар сола озмуни донандаи фанни Анатомия одам, Физиология ва Гистология гузаронида мешавад. Ин ба мо имконият медиҳад, ки боз ҳам сатҳу сифати дониш дар байни донишҷӯён баланд бардошта шавад.

Ҳамин тавр санаи 10 ноябри соли 2022 аз тарафи омӯзгори кафедра Фақирова Н.А. дарси иловагӣ оиди мавзӯъи  “Анатомияи узвҳои  системаи ҳозима”  гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯёни фаъоли факултетҳои гуногуни Коллеҷ ширкат доштанд.

Омӯзгорони кафедра минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои дар оянда боз ҳам хубтару беҳтар гузаронидани машғулиятҳо аз ҳама роҳу усулҳои таълим истифода намоянд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.