Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 12 ноябри соли ҷорӣ тибқи дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар тамоми биноҳои таълимии Коллеҷ шанбегӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ омӯзгорону кормандони коллеҷ бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ бо ҳамроҳии донишҷӯёни фориғ аз дарс ширкат варзида, гирду атроф ва дохили биноҳои таълимиро рубӯчин, дохили ҷӯйборҳоро аз хазонҳо тоза ва бехи гулу дарахтонро нарм намуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки санаи 14 ноябр ҳайати корӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон барои табодули таҷриба ва гузаронидани семинар-машварат дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ба диёри мо ташриф меоваранд, ва кормандони Муассиса барои истиқболи меҳмонони олиқадр дар сатҳи зарурӣ омодагӣ дида, тамоми чораҳои заруриро меандешанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” баргузории шанбегиҳо ба ҳукми анъана даромада, мақсади асосӣ пеш аз ҳама тозаю озода нигоҳ доштани таълимгоҳ ва бо ин роҳ ба шаҳри ободу зебо мубаддал гардонидани пойтахти маҳбубабон шаҳри Душанбе мебошад. Инчунин покизагӣ аз доштани фарҳанги баланди шаҳрдорӣ шаҳодат медиҳад ва барои пешигирии сарзании бемориҳои зиёде нақши аввалиндараҷа дорад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.