Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ОМӮЗИШИ ДАР МАВЗӮИ “СОЛИМИИ РЕПРОДУКТИВӢ, ҲИФЗИ САЛОМАТИИ МОДАРОН ВА КӮДАКОН” ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” АЗ ҶОНИБИ ХАЗИНАИ НУФУСИ СОЗМОНИ МИЛЛАЛИ МУТТАҲИД (UNFPA)

Санаҳои 14 – 18 ноябри соли ҷорӣ тибқи мактуби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” давраи дуюми омӯзишӣ роҷеъ ба “Солимии репродуктивӣ, ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон” баргузор мегардад, ки дар он намояндагон аз тамоми коллеҷҳои тиббии кишвар иштирок менамоянд. Мураббиёни ин семинар аз ҷумлаи омӯзгорон ва кормандони муассисаи таълими “Коллеҷии олии тиббии ҷумҳуриявии шаҳри Алмаато”-и Ҷумҳурии Қазоқистон ва Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) мебошанд.

Лозим ба ёдоварист, ки давраи аввали омӯзиш дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон барпо гашта, аз МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ҳайати корӣ, таҳти роҳбари директори Муассиса, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар он ширкат варзиданд. Давраи аввали омӯзишӣ дар шакли конференсия баргузор шуда, зимни он мутахассисони соҳавӣ аз кулли давлатҳои минтақа ва ҷаҳон табодули таҷриба намуда, бо ҳам созишҳои ҳамкорӣ бастанд.

Санаи 14 ноябр аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Аманова Элмира – мудири кафедраи “Кори ҳамширагӣ”-и “Коллеҷии олии тиббии ҷумҳуриявии шаҳри Алмаато” ва Граф Маргарита – машваратчӣ оид ба самти маориф ва муносибатҳои байналмиллалии ҳамин муассиса ташриф оварданд. Дар оғоз – вохӯрии меҳмонони олиқадр бо муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. барпо гашт, ки зимнан муовини директор меҳмононро хайрамақдам гуфта  ҳарду ҷониб оид ба моҳияти ҳамкориҳо дар самти таълим суҳбат ороста, ибрози андеша намуданд. Сипас ҳайати корӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон бо ҳамроҳии муовинони директор аз синфхонаҳои таълими амалии муассиса дидан намуда барои оғози семинар-машварат ба толори лексионӣ раҳсипор шуданд.

Дар семинари мазкур масоили маҷмӯии муносибат ба хадамоти ҳамширагӣ, траекторияи таълим дар самти мазкур, ташаккули муҳити самараноки корӣ барои момодояҳо, равишҳои нави таҳияи барномаҳои таълимӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо бо стандартҳои касбӣ, ташкили кори мураббӣ/ментор дар таёр кардани мутахассисон аз рӯи ихтисоси “акушерӣ”, ташаккули дарсҳои назариявӣ ва амалӣ барои мутахассисони самти мазкур, институтсионалӣ намудани раванди омодасозии мутахассисони зинаи миёнаи касбӣ, дар мисоли момодояҳо ва ғайра баррасӣ хоҳад шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.