Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ПЕШБАРИИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲИ ДАР ҶОМЕА ВА МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН ОИД БА ТАЪСИРИ ТАМОКУ БА КОВОКИИ ДАҲОН АЗ ҶОНИБИ КАФЕДРАИ СТОМАТОЛОГИЯИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Никотин ба ковокии даҳон таъсири бениҳоят манфӣ дошта, боиси сарзании як қатор бемориҳои  дандон ва милки дандон мегардад. Ба андозаи зиёд, никотин ба рушди бемории кариес дар дандон мусоидат мекунад. Хатари аз даст рафтани дандонҳо дар тамокукашон нисбат ба шахсоне, ки тамокуро истифода намебаранд, хеле зиёд аст. Инчунин, ковокии дахони тамокукашон бӯи бад доранд, ки ҳатто хамираи дандон ҳамеша аз он наҷот намеёбад. Сигоркашӣ боиси пайдоиши хокистарӣ ва доғҳои сиёҳ дар дандонҳо, ранг ва зардшавии дандонҳо , вайроншавии сири дандон мегардад.

Кафедраи “Стоматология” бо дастуру сопоришҳои роҳбари Муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода тасмим гирифтаанд, ки миёни ҷомеа махсусан ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба масъалаи зикргардида пеш баранд. Бо ин мақсад санаҳои аз 11-14 ноябри соли ҷорӣ омӯзгорони кафедра барои додани маълумот ба аҳоли оид ба таъсири тамоку ба ковокии даҳон ба назди биноҳои истиқомати сафарбар шудаанд.

Зимни пешбарии корҳои фаҳмондадиҳи аз шахсоне, ки тамоку истифода мебаранд хоҳиш карда шуд то ин, ки ковокии даҳонашон аз муоина ва ташхиси стоматологӣ гузаронида шаванд. Барои гирифтани натиҷаи саҳеҳ гурӯҳи шахсоне, ки тамоку истифода намекарданд низ аз муоина ва ташхиси стоматологӣ гузаронида шуданд. Дар натиҷа маълум гашт, ки шахсоне, ки тамокуро истифода мебаранд ҳолати солимии ковоки даҳонашон дар сатҳи паст қарор дошта, иллатҳои гуногуни ҷузъиётҳои ковокии даҳон дида мешуд.

Дар охир ба ҳар шахси тамокукаш машварати стоматологӣ дода, оид ба усулҳои беҳдошти ковокии даҳон маълумоти муфассал дода шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.