Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

АРЗЁБИИ ҲОЛАТИ РАВОНИИ ОМӮЗГОРОН ВА МУАЙЯНСОЗИИ АЛОҚАМАНДИИ ОН БО ҶАРАЁНИ ТАЪЛИМ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Солимии равонӣ ҷузъи муҳими саломатии инсон буда, онро метавон ҳамчун шарти асосии устувории инсон дар ҷомеа шуморид.  Солимии равонӣ қисми ҷудонашавандаи некӯаҳволии шахсӣ буда, ҷузъҳои маърифатии сатҳҳои биологӣ, равонӣ ва иҷтимоиро дар бар мегирад ва бо шарофати он ташкил, танзим ва таъмини бутунии ҳаёти инсон ба роҳ монда мешавад. Афзоиши таваҷҷӯҳи тадқиқотӣ ба мушкилоти солимии равонӣ имрӯз бо коҳиши саломатии аҳолии қобили меҳнат дар гурӯҳҳои алоҳидаи касбӣ шарҳ дода мешавад. Пеш аз ҳама, инҳо касбҳое мебошанд, ки ба категорияи касбҳои изтиробовару аз ҷиҳати эҳсосотӣ (эмотсионалӣ) шиддатнок  дохил мешаванд ва касби омӯзгорӣ ё худ педагогӣ аз ҷумлаи онҳост.

Ба фаъолияти педагогӣ муоширати зиёд, алоқаҳои зиёди аз ҷиҳати мазмун гуногун, масъулияти баланд аз натиҷаи муошират ва надоштани натиҷаҳои мусбӣ дар муошират, ки ҳамчун сифати дониши донишҷӯён қабул карда мешавад, хос аст. Олимони соҳа бар он назаранд, ки ихтилоли ҳолати равонии омӯзгор пеш аз ҳама бо пайдоиши хусусиятҳои манфӣ дар хислат, бинобар сабаби такроршавии ҳолатҳои эҳсосотии манфии якранга ва муқовимати паст доштан ба ҳолатҳои изтиробовар алоқаманд аст.

Тавре худи омӯзгорон қайд мекунанд, талаботҳои баланд нисбати педагог, ҳамчун мутахассис онҳоро водор месозад, ки ба меъёрҳои гуногуни рафторӣ, муоширатӣ ва салоҳиятнокӣ ҷавобгӯ бошанд ва мунтазам барои такмил ва беҳтарсозии сатҳи тахассуснокӣ аз болои хеш корбарӣ намоянд. Ҳолати ташаннуҷи дохилӣ, ки аз дараҷаи баланди масъулият дар назди донишҷӯён ва умуман дар назди ҷомеа ба вуҷуд меояд, ба саломатӣ таъсир мерасонад, ки метавонад боиси халалдоршавии ҳолати равонӣ гардад.

Дар баробари ин ҳама бояд эътироф кард, ки омӯзгор субъекти асосии раванди таълим ба шумор меравад, зеро таъсири омӯзгор дар ташаккулёбии шахсияти  донишҷӯ ҳамчун мутахассис авалиндараҷа мебошад. Агар солимии равонии омӯзгор ихтилол дошта бошад, пас ин пеш аз ҳама ба паст шудани худбаҳодиҳии касбӣ, фаъолияти эҷодкорӣ, фаъолияти маърифатӣ, вогузории қисме аз вазифаҳои касбии худ ба зиммаи хонандагон оварда мерасонад.

Баҳри муайянсозии ҳолати равонӣ ва сатҳи таҳаммулпазирии омӯзгорон ба изтироб, бо дастуру ҳидоятҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода омӯзгорони кафедраи “Асабшиносӣ, ёрии паллиативӣ ва асосҳои равоншиносӣ” ҳолати равонии омӯзгорони кафедраҳои таълимии бинои асосиро бо усули Спилбергер Ч.Д., яъне тавассути саволномаҳои махсус санҷида,  баҳри баҳодиҳии воқеъи ва гузаронидани машваратҳои кумаки равонӣ як қатор корҳоро ба анҷом расониданд.

Аз ҷумла санаҳои 11, 12 ва 14 ноябри соли ҷорӣ, пеш аз оғози машғулиятҳо ба 60 нафар омӯзгороне (гурӯҳи асосӣ), ки дар басти аввал бо гурӯҳҳои таълимӣ машғулият мегузаронанд, саволномаҳоро тақсим намуда, натиҷаҳои онро дар дафтари махсус қайд намуданд. Аз ин миқдор 32 нафарро мардҳо ва 28 нафарро занон ташкил дода, сину соли омӯзгорон аз 27 то 65 солро дар бар мегирифт.

Инчунин барои гирифтани натиҷаи беғараз гурӯҳи муқоисавӣ аз ҷумлаи омӯзгороне, ки соатҳои дарсиашон пас аз басти 2 оғоз мешуд, ташкил карда, ба онҳо низ саволномаҳо тақсим ва натиҷагирӣ карда шуд.

Барои додани баҳои воқеӣ ҳамаи иштирокчиёни ин тадқиқот бори дуюм, баъди ба итмом расидани басти аввали корӣ аз санҷиш бо истифода аз саволномаҳои дигар, такрорӣ гузаронида шуданд. Дар натиҷа маълум гашт, ки ҳолати равонии омӯзгорон вобаста аз ҷинс, сину сол ва собиқаи корӣ, инчунин вобаста аз фанни таълимдиҳанда ба куллӣ фарқ мекунад, вале дар ҷамъ ҳамаи онҳоро як чиз муттаҳид месозад, ин ҳам бошад паст шудани таҳаммулпазирӣ ба изтироб пас аз гузариши рӯзи корӣ. Тамоюли пастшавии умумии сатҳи таҳаммулпазирӣ ба изтироб дар диаграммаи 1 дарҷ ёфтааст.

Дар гурӯҳи муқоисавӣ сатҳи таҳаммулпазирӣ ба изтироб ва ҳолати равонии омӯзгорон чандон таъғироти назаррасе надошт, ки натиҷаи он дар диаграммаи 2 дарҷ ёфтааст.

Маълум гашт, ки ҳолати равонӣ ва сатҳи муқовимат ба изтироб дар омӯзгорони ба таълими фанни дақиқ машғул буда нисбат ба омӯзгороне, ки фанҳои гуманитарӣ ва умумитиббӣ таълим медиҳанд, бештар коҳиш ёфтааст. Инчунин маълум гашт, ки ҳолати равонӣ ва таҳаммулпазирӣ ба изтироб  дар ҷавонони то 35 сола ва собиқаи кории тахассусиашон камтар аз 10 сол  нисбат ба шахсони калонсол ва собиқадор бештар коҳиш меёбад. Аз рӯи натиҷаҳои омӯзиши хусусиятҳои гендерии зуҳуроти изтироби касбӣ маълум гардид, ки занҳо нисбат ба мардон бештар ба изтироби касбӣ дучор мешаванд.

Хулосаи тадқиқот чунин аст, ки ба изтироби касбӣ бештар занони то 35 сола, ки собиқаи кории тахассусиашон камтар аз 10 солро ташкил медиҳад, гирифтор шуда, ин нишондиҳандаҳо дар мардони аз 45 сола боло ва собиқаи кориашон аз 20 сол зиёд дида мешавад.

Дар ҷамъбасти тадқиқот, миёни омӯзгороне, ки натиҷаи санҷиш — сатҳи пасттарини таҳаммулпазирӣ ба изтиробро муайян намуд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, роҳҳои дурусти психопрофилактика ва психогигиена тавсия дода шуд.

Натиҷаи пурраи тадқиқоти мазкур дар маводҳои конфронси илмии Муассиса пешкаши хонанда мегардад.

Шарифзода Фаррухи Боймурод
мудири кафедраи “Асабшиносӣ,
ёрии паллиативӣ ва асосҳои равоншиносӣ”
МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.