Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР КАФЕДРАИ «ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ» – И МДТ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ»

Санаи 14.11.2022 аз тарафи омӯзгорони кафедраи «Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи » 30 соли ҳамбастагӣ бо Пешвои миллат» бахшида ба 30 — солагии Иҷлосияи 16 — уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар кори конференсия муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Саидова Мавҷуда Мирзошарифовна, мудири кафедраи  «Забони тоҷикӣ» Наҷмиддинова Саодат ва сардори шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон Шаҳроми Зайниддин иштирок намуданд. Дар конференсияи илмӣ-назариявӣ омӯзгорони кафедра бо маърӯзаҳои «Саҳми Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ», «16-уми ноябр — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Иҷлосияи тақдирсози миллат»,  «Саҳми Пешвои миллат дар барқарорсозии муносибатҳои байналмилалӣ» ва «Хизматҳои таърихии Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории миллӣ» баромад намуданд. Аз тарафи маърӯзачиён оиди аҳамияти таърихии иҷлосияи тақдирсози миллат, хизматҳои шахсияти беназир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати  миллии тоҷик, барқарории ҳокимияти сиёсии давлатӣ ва истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ , рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва дигар хизматҳои шоёнашон қайд гардиданд. Дар фарҷоми конференсия аз тарафи донишҷӯёни факултети «Кори фарматсевтӣ»  (рӯзона) шеърҳо дар васфи Пешвои миллат, Ватан ва Тоҷикистон қироат карда шуданд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шумоёнро бо ин ҷашнҳои бузурги кишвар самимона муборакбод гуфта, бароятон саломатии бардавом, хушбахтиҳои бепоён, осмони софу беғубор ва саодати рӯзгорро таманно дорем. Бигузор ҳамеша дар фазои Тоҷикистони азизамон сулҳу ваҳдат пойдор бошад!

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.