Хабарҳо ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ 16 – УМИ ТАҚДИРСОЗИ ШӮРОИ ОЛӢ Бо admin On Ноя 16, 2022 0 Мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти 30 сол бо возеҳияти комил дарк менамоянд, ки Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олӣ дар сарнавишти миллати тоҷик нақши ба ғоят муҳим бозида, дар саҳифаҳои таърихи ин миллати кӯҳанбунёд бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Ин Иҷлосия дар таърихи Тоҷикистони ҷавон ва навин марҳилаи нави инкишофро боз намуд ва пайғоми ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи комил ва якпорчагии мутлақро фароҳам овард. Агар 1100 сол қабл давлати миллии тоҷикон-давлати Сомониён барои ташаккули илму фарҳанг ва асолати таърихӣ бо олимону донишмандон ва мутафаккирони худ заминаи устувор фароҳам оварда бошад, пас ин Иҷлосияи тақдирсоз барои ин миллат фарзанди фарзонаю барӯманд, далер, хирадманд ва шуҷоъ-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба майдони сиёсат овард, ки бо қаҳрамонии бемисли худ, дар эъмори давлатдории миллии тоҷикон нақши бузургу беҳамто бозид. Чуноне ки маълум аст пас аз пошхӯрии давлати абарқудраи Шӯравӣ тамоми давлатҳои аъзои он роҳи пешрафту тараққиёт ва ҳаёти осоиштаро пеш гиргифтанд. Аммо дар фазои Тоҷикистони тозаистиқлол буҳрони шадиди сиёсӣ, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ танинандоз гардид. Дар ин буҳрони сиёсӣ хатари аз байн рафтани давлати мустақил, аз байн рафтани Тоҷикистон ба воқеият тадил меёфт. Барои пеши роҳи ин гирдоби фалокатборро гирифтан нафарони солимфикр ва фарзандони ватандӯст муттаҳид шуданд, зеро ин вазъияти ба амаломада андешидани чораҳои фаврӣ ва таъхирнопазирро тақозо мекард. Ин чораҳои фаврӣ ва таъхирнопавзирро мо дар кори Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олӣ мебинем. Ин Иҷлосияи таърихии фавқулодаи Иҷлосияи 16–уми Шӯрои Олӣ дар қасри маданияти ба номи ду карат Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ, деҳқони номвар Саидхӯҷа Урунхӯҷаеви назди шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид. 16 ноябр баҳри иштирок дар Иҷлосия 197 (аз 222 вакил) вакил номнавис шуданд. Дар ин Иҷлосия намояндагон аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Федератсияи Руссия, созмонҳои байналхалқӣ, рӯзноманигорон иштирок карданд. Иҷлосия 18 ноябр ба кораш оғоз кард. Рӯзномаи Иҷлосия 23 масъларо дар бар мегирифт, ки ҳалли он масъалаҳо барои сохтани давлати миллӣ бағоят зарур буданд. Аз ҷумла, Муроҷиати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои узви ИДМ дар бораи Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи авфи умумӣ, дар бораи ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо. Рӯзи 19 ноябри соли 1992 масъалаи интихоби раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба ин вазифа номзадии Эмомалӣ Раҳон пешбарӣ гардид. Ҳамин тавр, 19 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Эмомалӣ Раҳон аз рӯзҳои аввли ба ин мансаби баланд интихоб шуданаш бо ақлу заковати волои худ, чораҳои заруриро барои сохтани давлати демократӣ ва дунявӣ ҳарчи зудтар меандешид. Парчами Тоҷикистонро бӯсида, ба дидагонаш молид ва иброз дошт, ки “Ман кори худро аз сулҳ хоҳам сар кард”. Бояд ёдрас шуд, ки дар нимаи дуюми моҳи ноябри соли 1992 ба Эмомалӣ Раҳмон як сохтори комилан фалаҷгардида ба мерос монда буд. Ин марди шуҷоъ ва нексиришт бо дуои Модари азиз вориди майдони сиёсат гардид ва маҳз ба шарофати хислатҳои созандагӣ маҳбуби мардуми шарифи Таҷикистони азиз гардид. Пас аз оне, ки дар райпурсии умумихалқии соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон чун Президети мамлакат пазируфта шуд, ӯ худро кафили сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ дониста, барои расидан ба сулҳи саросарӣ ва ваҳдати миллӣ корнамоиҳои беназирро анҷом дод. Яке аз ин корнамоиҳо мулоқоту музокирот бо сарварони Иттиҳоди собиқ мухолифони тоҷик буд, ки пас аз 40 моҳи тул кашидан, ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Масква бо имзои “Созишномаи умумӣ дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба анҷом расид. Ҳар чи қадар солҳо гузаранд, аҳамияти бузурги ин Иҷлосияи тақдирсоз, ҳамон қадар аёнтар ва бо ҳашамату бошукӯҳтар ҷилвагар мешавад. Бояд ёдовар шуд, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI –уми Шӯрои Олӣ барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад. Боиси шукргузорист, ки бо иродаи Сарвари давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншоотҳои азим ба вуҷуд омаданд. Дар чунин вазъи ногувори геопалитикии сайёра ва бозиҳои сиёсӣ ба хотири ҳифзу нигаҳдошти тамомияти арзӣ ва ҳувияти миллӣ дар атрофи Пешвои сиёсӣ ва миллӣ сарҷамъ шудан, амрест ногузир. Сулҳу субот ва оромву осоиш барои мардуми Тоҷикистон неъмат ва сарвати ниҳоят бузург ба шумор мераванд. Ҳифзу ҳимояи он арзишҳо вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад. Минбаъд ҳам ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ваҳдати миллӣ, якпорчагии марзу буми кишвар камари ҳиммат банданд. Хуллас, ҳар рӯзе, ки сипарӣ мешавад, барои мо як навъ азхудкунии асосҳои давлату давлатдории муосир ва гузаштан ба ҷомеи демокративу дунявиро талқин мекунад. Вазифаҳои ҳар фарди ҷомеа аз он иборат аст, ки баҳри оромии кулл ва ҳифзи сарватҳои Тоҷикистони азиз саҳми худро гузорад. Шодию нишот, бахти баланди одамон ба воситаи дӯстиву рафоқат пайдо мегардад ва баръакс, душманӣ ба рӯзи сахту гарони мардум боис мегардад. Аз фурсати муносиб истифода бурда тамоми мардуми шарифи ватани азизу маҳбубамонро бо ин рӯзи барои миллат муқаддас табрику муборакбод мегӯем. Ин фурсати фараҳбахшро ғанимат дониста, ба шумо саломатӣ, саодатмандӣ ва дар фаъолияти рузмарра, ки барои рушди ватан равона шудааст, комёбиҳо ва муваффақиятҳои эҷодиро таманно дорем. Директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода 0 Мубодила кардан