Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҲАФТАИ ФАННӢ ДАР КАФЕДРАИ “КОРИ ҲАМШИРАГӢ ДАР ТЕРАПИЯ ВА АСОСҲОИ ПАТОЛОГИЯИ КЛИНИКӢ” – МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 14.11.2022 дар кафедраи “Кори  ҳамширагӣ дар терапия ва асосҳои патологияи клиникӣ” ҳафтаи фаннӣ оғоз гардид. Мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи шуъбаи таълим ва кафедраи “Терапия” байни донишҷӯён ВИКТОРИНА дар мавзӯи “КҲ дар терапия ва услубҳои муоинаи беморон” аз ҷониби омӯзгорон Сафарова М.Н ва Мамадова М.Н бо иштироки донишҷӯёни факултети кори ҳамширагӣ гурӯҳҳои 318-319 гузаронида шуд. Донишҷӯён дар рафти викторина фаъолона иштирок карда ва ба саволҳои омӯзгорони кафедра ҷавоб гардонданд. Дар викторина омӯзгорони кафедра иштирок намуданд, омӯзгори собиқадори кафедра Мирзоев И. баромад намуда қайд кард, ки донишҷӯён бо тайёрии хуб омада ва викторина дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Дар хотима мудири кафедра Мирзоев С.З ба гузаронандагони викторина изҳори миннатдорӣ  намуданд ва ба омӯзгорону донишҷӯён муваффақият баён намуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.