Хабарҳо КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ” ВА 30 СОЛАГИИ XVI –УМИН ИҶЛОСИЯИ ШУРОИ САРНАВИШТСОЗИ ОЛӢ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Ноя 17, 2022 0 Санаи 16 ноябри соли ҷорӣ тибқи мактуби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 25 октябри соли 2022 ва дастуру супоришҳои бевоситаи роҳбари Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар толори барҳавои маҷлисгоҳи Муассиса, конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои миллат” бахшида ба “Рӯзи Президент” ва 30 солагии XVI –умин Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Кори конференсия аз соати 14:00 оғоз шуда то соати 16:00 идома ёфт. Иштирокчиёни конференсия бо маърӯзаҳои худ, ки масоили мухталифи рушди кишвари маҳбубамонро дар тули ин 30 сол дар бар мегирифт, баромад намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳайати таҳририя мақолаҳои хоҳишмандонро барои нашр дар маҷмӯаи маводҳои конфронс қаблан қабул карда, барои таъбу нашр омода намуданд. Дар конфронс Файзуллозода Заррина Файзулло — Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Камолзода Гулбаҳор Саидаслам — Прокурори калони бахши кор бо ноболиғони Прокуратураи шаҳри Душанбе, Гулзода Маҳкамбой Ҷума мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Маҳмадназар Нуров мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, инчунин роҳбарият, ҳайати кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷ ширкат варзиданд. Пас аз анҷоми бақайдгирии иштирокчиён ва суханҳои ифтитоҳӣ суруди миллӣ садо дод, ки тамоми ҳозирин онро бо садои зинда, бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ замзама намуданд. Баъдан роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҳозиринро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, бахшида ба таҷлили ин санаи тақдирсоз суханҳои табрикотӣ ироа намуда, бо маърӯзаи худ оид ба “Нақши XVI –умин Иҷлосияи Шурои Олӣ дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар” баромад карданд. Сипас сухан ба меҳмонон дода шуд, ки ҳар кадоме аз минбар омӯзгорону донишҷӯёнро бо фарорасии ин сана табрику муборакбод гуфта, оид ба саҳми Пешвои муаззами миллат дар пояндасозии давлатдорӣ ва муътадилсозии вазъи сиёсии кишвар суханҳо гуфтанд. Тибқи барномаи кории конференсия навори видеоии таблиғотӣ, бахшида ба 30 солагии XVI –умин Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши тамошобин карда шуд, ки аз тамошои он як эҳсосот ва таасуроти нав, инчунин дарки амиқи мафҳуми сулҳро ҳозирин ба худ гирифтанд. Сипас муовини директор оид ба таълими амалӣ Давлатзода А.Д., як зумра омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Муассиса бо маърузаҳои худ оид ба мавзӯи конфронс баромад намуданд. Инчунин миёни маърузачиён ва иштирокчиёни конференсия муҳокима барпо шуд, ки зимни он ба бисёр нуқтаҳои мавзӯъҳои баррасишаванда равшанӣ андохта шуд. Дар ҷамъбаст роҳбари муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ба меҳмонон барои дареғ надоштани вақти худ ва иштирок дар кори конференсия изҳори сипос баён намуда, бори дигар ҳамагонро бо таҷлили ин санаи таърихӣ табрик гуфта ба кори конфронс хотима бахшиданд. Пеш 1 то 24 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан