Хабарҳо ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ АЗ ҶОНИБИ КАФЕДРАИ “ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ” – И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Nov 30, 2022 0 Имрӯз тибқи дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақшаи тасдиқгардидаи шуъбаи таълим дар доираи ҳафтаи фаннӣ аз тарафи кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни факултети “Кори фарматсевтӣ” конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Рушди гиёҳдармонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Растаниҳои доругӣ, истифодабарӣ ва аҳамияти онҳо дар тиб” бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” баргузор карда шуд. Дар кори конференсия муовини директор оид ба тарбия Саидова Мавҷуда Мирзошарифовна, сардори шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонони муассиса Шаҳроми Зайниддин, сармутахассиси шуъбаи мазкур Саидов Абдуҳанон, мудири кафедраи “Технологияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсия” Сангинов Ғолибшо ва мудири кафедраи “Фармакология ва забони лотинӣ” Хоҷаева Зарина ва омӯзгорони кафедраҳои “Технологияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсия” ва “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” иштирок намуданд. Дар конференсия мудири кафедра дар мавзӯи “Рушди гиёҳдармонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Облепиха крушиновидная, фармакологические свойства и применение в медицине “, донишҷӯи гурӯҳи 310, курси 3-юм Боймадзода Ашурмад дар мавзӯъҳои”Лимӯ ва хосиятҳои шифобахшии он” ва “Дӯлона. Тавсифи умумӣ. Истифодабарӣ дар тиб”, донишҷӯи гурӯҳи 302, курси 3 Сафаралиева Миҷгона дар мавзӯи”Шиповник и его применение в медицине”, донишҷӯи гурӯҳи 313, курси 3 Ҳасанова Бибиоиша дар мавзӯи “Зардолу ва хосиятҳои фармакологии он”, донишҷӯи гурӯҳи 318, курси 3 Мирсабзов Ашраф дар мавзӯи “Хусусиятҳои шифобахшии пудина” маърӯзаҳо пешниҳод намуданд. Инчунин дар рафти кори конференсия ҷараёни гузаронидани дарсҳои амалӣ ва корҳои таҷрибаомӯзӣ аз фанни фармакогнозия дар Марказҳои таълимӣ-истеҳсолии “Ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш” ва “Дорусозӣ”, ки дар муассиса фаъолият мекунанд, намоиш дода шуд. Қайд карда шуд, ки инчунин дар бинои асосии МДТ”Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” барои дар сатҳи баланд гузаронидани дарсҳои амалӣ озмоишгоҳи фанҳои фармакогнозия ва технологияи дорусозӣ амал мекунад,ки бо дастгириҳои бевоситаи роҳбари муассиса ташкил карда шудааст. Дар ин озмоишгоҳ аз тарафи донишҷӯён бо роҳбарии омӯзгорон чунин амалиётҳо, ба монанди хушк намудани растаниҳои доругӣ баъди ҷамъоварӣ, тартиб додани гербарийҳо, тайёр намудани дамобаҳо, ҷӯшобаҳо, малҳамҳо , шарбатҳо ва дамхӯрдаҳои спиртӣ аз растаниҳои доругӣ ба воситаи таҷҳизотҳои лозимӣ гузаронида мешаванд. Инчунин қайд гардид, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи дорусозӣ, алалхусус гиёҳдармонӣ ва рушди он солҳои охир таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуда, диққати махсус дода мешавад. Пеш 1 то 20 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан