Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИД БА “ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ТАЪЛИМИИ КОМПЛЕКСИИ ҲАМШИРАҲОИ ОИЛАВӢ” БО НАМОЯНДАГОНИ ЛОИҲАИ USAID “МОДАРИ СОЛИМ, КӮДАКИ СОЛИМ” ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Ғизои модар дар ташаккули кӯдак аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ғизои солим на танҳо ба саломатии кӯдак, балки ба қобилиятҳои ӯ дар оянда низ таъсир мерасонад, зеро моддаҳои фоиданок (микронутриентҳо) метавонанд генҳои муайянро фаъол ё “хомӯш кунанд”.

Таъсири ғизо дар давраи ҳомиладорӣ ва ширмакконӣ на танаҳо барои саломатии худи занон, балки дар инкишофи кӯдак, солиму бардамии ӯ ҳангоми таваллуд ва дар марҳилаҳои минбаъдаи ҳаёташ таъсир расонад. Бинобар ин ташаккули ғизои солими модаронро ҳамчун масъалаи дорои аҳамияташ муҳим бояд эътироф кард.

Дар робита бо гуфтаҳои боло, МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” таҳти роҳбарии шахси оқил ва хирадманд, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода бо лоиҳаи USAID  “Модари солим, кӯдаки солим” ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монда, баҳри беҳтар намудани сифати таҳсил дар ихтисосҳои Кори момодоягӣ ва Кори табобатӣ гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда аст, ки аз ҷониби гурӯҳи мазкур то айни замон корҳои назаррасе анҷом дода шудаанд.

Санаи 29 ноябри соли 2022 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” вохурии комиссияи номбурда бо намояндагони лоиҳаи USAID  “Модари солим, кӯдаки солим” баргузор шуда, оид ба корҳои анҷомдода аъзоёни комиссия ҳисобот доданд.

Дар вохӯрии мазкур муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Одилзода И.Ё. бо маъруза дар мавзӯи “Аҳамияти ғизои модару кӯдак” баромад намуда, оид ба дастовардҳо дар ин самт ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуданд. Инчунин аъзоёни комиссия фурсат доштанд ҳисоботҳои худро пешкаши ҳозирин намоянд. Қайд карда шуд, ки барномаҳои таълимии ихтисосҳои дарҷёфта таҷдиди назар шуда, мавзӯи баррасишаванда пурра ворид карда шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.