Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» таҳти роҳбарии номзади илмҳои тиб, Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода аз соли 2019 то инҷониб бо ташкилоти бонуфузи байналмиллалии “Momentum wheels for humanity”, ки барои омодасозии мутахассисони салоҳиятноки соҳаи миёнаи касбии тиббӣ, ба муассисаҳои таълимии тамоми кишварҳои дунё кумаки методӣ мерасонад, ҳамкориҳои фаъол ва пурсамар ба роҳ мондааст.
Бо ташаббуси роҳбари муассиса, дар доираи Созишномаи ҳамкориҳои дуҷониба байни ташкилоти “Momentum wheels for humanity” ва МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва бо мақсади амиқтар намудани ҳамкориҳои дуҷониба санаи 30 ноябри соли 2022 бо ҳайати роҳбарияти ташкилоти мазкур вохӯрӣ барпо карда шуд. Ҳадафи аслии вохӯрии мазкур ин пайдо намудани шиносоӣ бо ҳайати навтаъиншудаи роҳбарияти ташкилоти мазкур, баррасии қадамҳои минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба, аз қабили барпо намудани семинар-тренингҳои таълимӣ дар самти физиотерапия, ташкили синфхонаҳои симулятсионӣ ва таъмини он бо маводҳои таълимӣ ва таҷҳизотҳои омӯзишии тиббӣ буд.