Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҲАМОИШИ СИЁСӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТОҶИКИСТОН ЗАРРАИ ХОКАТ БАРОЯМ ВАТАН АСТ!” ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хирадмандонаи «дарҳои кушод»-ро ба роҳ монда, давоми 30 соли соҳибихтиёри ҳамаи меъёрҳои муносибатҳои байналмилалиро риоя менамояд. Дар баробари манфиатҳои худ, муносибатҳои ҳасанаро бо ҳамаи давлатҳои минтақа ва ҷаҳон ба роҳ мондааст. Мусаллам аст, ки миёни давлатҳо ҳамеша масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мемонанд ва таҷриба нишон медиҳад, ки давлатҳои бе масъалаҳои баҳснок миёни якдигар вуҷуд надоранд.

Яке аз мушкилиҳои асосии минтақаи Осиёи Миёна масъалаҳои сарҳадӣ мебошад. Миёни ҳамаи давлатҳои минтақаи мо баҳсҳои сарҳадӣ вуҷуд доранд. Яке аз чунин нуқтаҳо минтақаи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мебошанд. Агарчи ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи сатҳу марҳилаҳо ҷонибдори ҳалли мусолиматомези масъала бошад, аммо дурнамои раванд нишон медиҳад, ки ҳоло давлат ва ҷомеаи мо бояд барои вазъияту буҳронҳои печидатаре омода бошанд, зеро ҷониби Қирғизистон кӯшиши ба ин баҳс фаро гирифтани Руссия, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро дорад. Мо ҳамагӣ шоҳиди низоъҳои марзию қавмӣ дар фазои пасошӯравӣ ҳастем ва таҷрибаи ин низоъҳо нишон додааст, ки пайдоиши “миёнравон” боиси амиқтар гаштани чунин буҳронҳо мешаванд.

Дар робита бо гуфтаҳои боло, санаи 30 ноябри соли ҷорӣ тибқи дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, ҷиҳати ҷонноксозии корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни омӯзгорону донишҷӯён оид ба моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар бинои асосии Муассиса ҳамоиши сиёсӣ таҳти унвони “Тоҷикистон зарраи хокат бароям ватан аст” баргузор шуд.

Дар ҳамоиши мазкур декани факултети “Кори табобатӣ”, раиси иттифоқи касабаи кормандони Муассиса Қаюмов Ф.Ҷ., декани факултети “Кори ҳамширагӣ” шакли таҳсили шабона, котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Табибони ҷавон” Бобоев Б.А., ҳайати коллективи кафедраи “Асабшиносӣ, ёрии паллиативӣ ва асосҳои равоншиносӣ” ва кафедраи “Тибби оилавӣ” ширкат варзиданд. Дар оғоз Қаюмов Ф.Ҷ. оид ба моҳияти фаъолнокӣ дар фазои иттилоотӣ ба ҳозирин маълумот дода, аз онҳо даъват ба амал овард, ки бештар бо ҷавонон дар ин самт корро ҷоннок созанд. Сипас мудири кафедраи “Асабшиносӣ, ёрии паллиативӣ ва асосҳои равоншиносӣ” Шарифзода Ф.Б. бо маърузаи худ дар мавзӯи “Нуқтаи қуввати Тоҷикистон дар баҳси сарҳадӣ бо Қирғизистон” баромад намуда, ба ҳазирин оид ба сарчашмаи баҳси сарҳадӣ, омилҳои тақвиятбахши он, ҳуҷҷатҳои такягоҳии ҷониби Тоҷикистон ва далелҳои ҳақ будани ҷониби Тоҷикистон дар ин баҳс маълумоти муфассал пешкаш намуданд. Қайд гардид, ки маърузаи мазкур бо истинод ба пажӯҳиши коршиноси байналмиллалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо ва маърузаи роҳбари Муассиса Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар ҷаласаи ғайринавбатии санаи 29 ноябр мебошад ва нусхаи аслии мақолаҳои мазкур тариқи электронӣ барои истифода дар корҳои тарбиявӣ ва таблиғотӣ миёни ҷавонон ба ҳозирин пешкаш гардид.

Омӯзгорон низ фурсат доштанд оид ба масоили мазкур фикру андешаҳои худро баён намоянд ва иброз доштанд, ки баррасии мавзӯи мазкур ва додани шарҳи мустанад ба ин масъала саривақтӣ ва зарурӣ мебошад. Инчунин омӯзгорон тасмим гирифтанд, ки ҳар кадоме оид ба масъалаи баррасишаванда мақолае руи қоғаз оварда тавассути саҳифаҳои иҷтимоӣ онро интишор ва дастраси омма гардонанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.