Хабарҳо ҲАМОИШИ НАЗАРИЯВӢ ДАР МДТ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ АҒНМО (СПИД) Бо admin Охирин навсозӣ Dec 2, 2022 0 Бо дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода инчунин тибқи нақшаи тасдиқгардидаи шуъбаи таълим, имруз 1.12.соли 2022 бахшида ба Рӯзи умуҷаҳонии мубориза алайҳи бемории АҒНМО (СПИД) дар кафедраи “Тибби оилавӣ” ҳамоиш таҳти унвони “Ҳаёт бидуни СПИД” баргузор гардид. Дар ҳамоиш маърузаҳо дар бори сабаҳо, роҳҳои гузариш, нишонаҳои ин беморӣ, роҳҳои пешгирикунанда ва маводҳои доругии зидди ретровирусӣ аз ҷониби донишҷӯён шунавонида шуд. Азбаски зиёдтар ҷавонон аз бе аҳмиятӣ ва надоштани маълумоти кофӣ оиди сироятяти бемории ВНМО хатари ба ин беморӣ гирифтор шуданро доранд ба онҳо брошурҳо ва маводҳои иттилоотӣ пешниҳод карда шуд. Пеш 1 то 10 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан