Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ РАҲИМ САИДЗОДА БА ҲАЙСИ АЪЗОИ АЛТЕРНАТИВИИ ШУРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШАРИКИ ГЛОБАЛӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ АЗ ҲАВЗАИ АВРУПОИ ШАРҚӢ, ШАРҚИ НАЗДИК, ОСИЁИ МАРКАЗӢ ИНТИХОБ ГАРДИД

ХУШХАБАР!

Роҳбарият ва кулли кормандони МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз интихоб шудани вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро дар ташкилоти “GPE” (Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф) ба ҳайси аъзои алтернативии Шурои директорони Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф аз ҳавзаи Аврупои Шарқӣ, Шарқи наздик, Осиёи Марказӣ ифтихор менамоянд, зеро мақоми мазкур исботгари эътироф гардидани дастовардҳои соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Имрӯз роҳбарияти Муассиса ва тамоми ҳайати коллективи омӯзгорон ба вазири маориф ва илм, ки шахси донишманд ва кордон мебошанд масъулияти навбатиро муборакбод мегӯянд.

Ҳамзамон ба ҳама омӯзгорони МДТ”Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва тамоми алоқамандони соҳаи маориф ва илм ин мақом ва дастовард муборак бод!

Маълумоти муфассал: https://www.globalpartnership.org/who…/board/board-members 

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.