Хабарҳо ДИҚҚАТ!!! ДИҚҚАТ!!! ДИҚҚАТ!!! Бо admin Охирин навсозӣ Dec 2, 2022 0 Дар асоси фармоиши вазири маориф ва илм аз 13.09.2022, №1337 омӯзиш ва азёд кардани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11), устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ҳатмӣ эълон гардида, муҳлати ниҳоӣ барои азёд кардани луғати иборат аз 400 калимаи аз ҳама серистифодаи ин забонҳо то 31 декабри соли 2022 муқаррар карда шудааст. Дар робита бо ин гуфтаҳо ба диққати кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» (ба истиснои омӯзгорони фанни забони англисӣ) расонида мешавад, ки то санаи 31 декабри соли 2022 онҳое, ки 400 вожаи пешниҳодшудаи русӣ ва англисиро аз худ менамоянд, моддиву маънавӣ, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» қадрдонӣ карда мешаванд. Иқдоми мазкур аз ҷониби роҳбари Муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода барои рушди Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, ҳавасманд намудани донишҷӯён ба азбарнамоии забонҳои нав ва дар ин масир омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатии на танҳо дохилӣ балки хориҷӣ мебошад, роҳандозӣ карда шудааст. Роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ҳар як дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор медиҳанд ва ба иҷроиши онҳо афзалияти аввалиндараҷа медиҳанд. Пеш 1 то 4 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан