Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ ЛОИҲАИ “ИФТИТОҲИ БАРНОМАИ ФИЗИОТЕРАПИЯ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ВА ҚАДАМҲОИ НАВБАТИИ РУШДИ СОҲАИ ТАВОНБАХШӢ

Санаи 2 декабри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Хилтон”-и шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо Намояндагии Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳо оид ба раванди таъсиси факултети “Физиотерапия” дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва “Тақвияти хадамоти тавонбахшӣ дар низоми тандурустӣ” мизи мудаввар баргузор шуд. Зимни гузариши чорабинӣ фаъолияти лоиҳаи “Ифтитоҳи барномаи физиотерапия дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” натиҷагирӣ карда шуда, қадамҳои минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самт баррасӣ гардид.

Кори мизи мудаввар бо суханҳои ифтитоҳии сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрӣ ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.т., профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфи С.Ҷ. оғоз шуд. Дар кори мизи мудаввар намояндагони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Бюрои аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ташкилоти  Momentum Wheels for Humanity ва ташкилоти  World Physiotherapy иштирок доштанд. Намояндагони ҳар як ташкилот ҳисоботҳои худро оид ба иҷроиши нақшаҳои вогузошта манзури ҳозирин намуданд.

Роҳбари Муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода бо ҳисоботи хеш оид ба Факултети асосҳои Терапияи ҷисмонӣ (Физиотерапия) – иқдомҳо ва дастовардҳои МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар қисми якуми лоиҳа баромад намуда, нуқтаҳои асосии корҳои анҷомшударо ба ҳозирин пешкаш намуданд. Қайд карда шуд, ки роҳбарияти Муассиса аз оғоз то анҷоми кисми аввали лоиҳа тамоми корҳои ба зимма гирифтаро пурра иҷро намудаанд. Ҳамзамон дурнамои рушди ҳамкориҳои минбаъда низ пешниҳод карда шуд, ки аз ҷониби намояндагони  ташкилотҳои ҳузурдошта дастгирии васеъ ёфт.

Дар ҷамъбаст аз ҷониби ташкилотиҳои тиббӣ қисми дуюми лоиҳаи “Ифтитоҳи барномаи физиотерапия дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” пешниҳод карда шуд, ки он як қатор барномаҳои мушаххаси ташаккул ва татбиқи ихтисоси тавонбахширо дар системаи нигоҳдории тандурустӣ дар бар мегирифт. Ҷонибҳои манфиатдор идомаи ҳамкориро дар ин самт барои ҳам судманд шумурда, барои идомаи ҳамкориҳо изҳори розигӣ баён намуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.