Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МУШКИЛОТИ МАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

Имрӯзҳо масъалаи марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон проблемаи рузномаи мардуми тоҷик гардидааст. Маҳз Ҷумҳурии Қирғизистон моил ба ҳамин низоми марзӣ бо роҳи зурӣ мебошад, ки онро сокинони маҳалии Қирғизистон марзбонони қирғиз низ амали карданд. Исбот кардани заминҳои баҳоӣ ба кӣ таалуқ доштан ва марзбандӣ шудани онҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои бойгонҳои замони шӯравӣ таҳлили хеле чуқурро мехоҳад. Аммо мутаасифона ҳукумати имрӯзаи қирғиз дар давоми солҳои охир ҳамаи шартномаю протоколҳои ҳамкасбони пешинаи худро корношоям мекунад.Баъзе сиёсатмадорони қирғиз иддао мекунанд, ки Тоҷикистон мехоҳад як душмани хориҷӣ дошта бошад.Аммо ин андешаҳои беасос ягон далел надоранд. Дар кансебсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии муносибатҳои дарозмуддату босуботро бо шарикони анъанавии худ давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҷавобгӯи манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳаншии худ меҳисобанд ва бо дар назардошти кансебсияи ҳамгироии гуногунҷабҳа дар доираи иттиҳоди мазкур барои густариши ҳамкориҳои судманд ба он кушиш хоҳад намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсаташро бо кишвари ҳамҷавори мо Қирғизистон ҳамеша дар асоси эҳтироми мутақобил, ҳамкории созанда ва хайрхоҳӣ пеш хоҳад буд. Аммо рафтори номуносиби доираҳои ҳукумронии Қирғизистон ба муносибатҳои дӯстонаю бародаронаи ҳадду халқҳо бародар зарари ҷиддӣ оварда метавонад. Ба андешаи Президенти кишвар Эмомоли Раҳмон Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад,ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тули асрҳо пуштибонӣ намудааст. Таърих гувоҳ аст ,ки танҳо роҳи дипломатии ҳалли қазияҳо ва муноқишаҳо метавонад ба сулҳу  амният ва ҳамдигарфаҳми оварад. Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амнияти минтақа ва ҷаҳон равон карда шудааст. Аксарияти ҳуҷҷатҳои оиди марзбандии маъмурию давлатӣ дар даврони Шӯравӣ қабул ва имзошуда, ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,аммо доираҳои ҳукмронии Қирғизистон масъалаи мазкурро нодида гирифта роҳи иғво ва низоми ин масъаларо  авло медонанд.

Коршиносон аз ҳар ду ҷониб андешаҳои мухталиф доранд. Аксаран ҷониби Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро гунаҳгор медонанд. Аммо асли воқеа дигар аст. Аз наворҳо ва гуфтаи шоҳидон маълум мешавад, ки ташабуси аввалин дар оғоз ҳамаи низоҳо аз ҷониби қирғизҳо сар мезанад. Ба гуфтаи сиёсатшинос Игор Шестаков, ҳалли мушкилот бо кумаки неруҳои мусаллаҳ дар воқеъ танҳо бадтар кардани мушкилот аст, ки метавон ба ин андеша рози шуд. Аз ин рӯ нахустин шуда  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қирғизистон С. Жапаров телефонӣ суҳбат карда, ҳалли масъаларо бо роҳи дипломатӣ пешниҳод намуд. Баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар расонаҳои хориҷи матраҳ шудо бо мақсади пиёда намудани амалу ниятҳои хеш дигарон истифода баранд.

Умедворем, ки ақли ояндабин ва назари некбин дар вуҷуди шахсони масъули ҳукумати Қирғизистон бедор мешавад, то ин ки ин мушкилот дар ояндаи наздик роҳи ҳалли худро ёбад.

Қурбонова Парвина Грезовна
Мудири кафедраи “Кори ҳамширагӣ” – и
МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.