Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

БАҲСИ МАРЗӢ – ҲАҚИҚАТИ ТАЪРИХӢ ВА АДОЛАТИ ҲУҚУҚӢ ПУРРА ҶОНИБИ ТОҶИКИСТОН АСТ!

Тоҷикон ҳамчун миллати ориёӣ тули таърих иқоматкунандагони доимии Осиёи Марказӣ буданд. Ин ҷо ватани таърихии халқи тоҷик аст. Аммо вазъи сиёсӣ ва ҷуғрофии минтақа оғози асри VII мелодӣ бо воридшавии халқҳои туркзабон ба сарзамини Суғду Тахористон тули  қариб ҳазор соли минбаъда тағйир ёфт. Аз ҳамин лиҳоз баҳси марзие, ки миёни давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон солҳои тӯлонӣ идома дорад сарчашмаи таърихӣ дорад.

Мавзӯи мазкур дар мақолаи таҳлилии коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо зери унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест? ва Ализода Б.П., н.и.ф., дотсент, сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Ворух ҷузъи ногусастании Тоҷикистон аст” хеле хуб инъикос ёфтааст.

 Мақолаҳои мазкур аз тарафи ҳайати роҳбарикунанда ва устодони МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо тавсияи роҳбари он муҳтарама Ашуриён Ш.С. мавриди омӯзиш қарор дода шуда, муҳтавои он ба донишҷӯён мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Мақсад аз мавриди омӯзиш қарор додани маводҳои мазкур, ба донишҷӯён аз нуктаи назари таърихӣ ва сиёсӣ фаҳмонидани вазъи имрӯза мебошад. Дар ҳақиқат дар байни мардум бахусус ҷавонон оиди масъалаи даъвои марзии кишвари мо ва Қирғизистон рӯшании амиқ вуҷуд надорад.

Якчанд далелҳои таърихӣ, ки дар мақолаҳои мазкур оварда шудаанд ба донишҷӯён фаҳмонида шуданд: Баъд аз бунёди Давлати Шуравӣ соли 1918 ҶМШС Туркистон, ки вилояти Суғди имрӯза ва Бадахшон ба он дохил мешуданд,  дар ҳайати Россияи Советӣ  таъсис дода шуданд ва соли 1920 ҷумҳуриҳои Шуравии сотсиалистии Бухоро ва Хоразм ташкил карда шуданд. Моҳи октябри соли 1924 дар натиҷаи гузаронидани тақсимоти миллӣ-марзии Осиёи Миёна ҳар се ҷумҳурии мазкур барҳам дода шуда, дар заминаи онҳо ҷумҳуриҳои нав аз руйи нишонаҳои миллӣ: ҶШС Туркманистон, ҶШС Ӯзбекистон, ҶМШС Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон, ҶМШС Қазоқистон ва виоляти мухтори Қаро-Қирғиз дар ҳайати Росияи Советӣ (танҳо соли 1936 аз ҳайати Россия баромада, ҷумҳуриҳои алоҳида эълон гардиданд) ташкил гардиданд. Дар асоси харитаҳои таҳиягардидаи солҳои 1924-1927, ки сарҳадҳои ҷумҳуриҳои навтаъсиси собиқ Шӯравии Осиёи Марказӣ аниқу дақиқ карда шудаанд, Ворух бо ноҳияи Исфараи уезди Хуҷанд пайваст буда, ҷузъи ҷудонашавандаи он мебошад. Ҳамзамон, дар харитаи топографии Округи ҳарбии Туркистон, ки то соли 1992 вуҷуд дошт, Ворух ба ҳайси анклав нишон дода нашудааст. Моҳи сентябри соли 1929 округи Хуҷанди вилояти Самарқанд ба Тоҷикистон дохил гардид ва Ворух ҳамчун минтақаи калони тоҷикнишин дар ҳайати он ба ҳудуди Тоҷикистон ворид гардид. Бо назардошти ин андешаҳо ҳангоми баҳсҳои марзӣ бояд нишондодҳои асосии харитаҳои солҳои 1924-1927 ба инобат гирифта шавад, ки қувваи ҳуқуқӣ доранд ва ҳар ду ҷумҳурӣ  онҳоро дар вақти тақсимоти миллию марзӣ дар солҳои зикргардида қабул намуда буданд, ҳамчунин дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидаанд. Исботи ин гуфтаҳо харитаи сиёсӣ ва топографии Осиёи Миёна мебошад, ки дар соли 1927 таҳия гардида, Ворух бо хатти сурх ҷузъи ҷудонашавандаи ноҳияи Исфараи округи Хуҷанд нишон дода шудааст ва ин харита бо қарори КИМ-и СССР – мақомоти олии қонунгузор ва намояндагии давлати Шӯравӣ аз 27 марти соли 1927 бо имзои раиси комиссия Магидович тасдиқ гардида, дар Бойгонии марказии Инқилоби Октябр ва дар айни замон дар Бойгонии Марказии Федератсияи Россия дар шаҳри Москва маҳфузанд. Ҳамчунин дар харитаи заминсозии ҶШС Тоҷикистон соли 1933 Ворух анклав нест ва ҷузъи ҷудонашавандаи Тоҷикистон дар солҳои 30-юми асри ХХ мебошад. Ҳамин тавр, дар асоси ҳуҷҷатҳои мазкур Ворух ҳеҷ гоҳ дар дохили ҳудуди Қирғизистон (анклав) қарор надошт ва ин ҳуҷҷатҳо заминаи ҳуқуқии муайянсозии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мебошанд ва Тангии Ворух ва деҳае, ки бо номи Оқсой дар солҳои 70-уми асри ХХ дар он ҷо  ба вуҷуд омадаст, дар ҳудуди Тоҷикистон қарор доранд. Ҳамзамон, дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки дар идораи маъмурии деҳаи Оқсой мавҷуд аст, ягон шаҳрванди ин деҳа то соли 1975 дар он ҷо ба қайд гирифта нашудааст ва ба дунё наомадааст.  Дар асоси ҳуҷҷатҳои шахсии аҳолии деҳаи Оқсой ба хулосаи асоснок омадан мумкин аст, ки чунин деҳа бо аҳолии қирғиззабон дар долони Ворух  вуҷуд надошт ва танҳо баъди соли 1975 мардуми қирғизтабор заминҳои Тангии Ворухи Тоҷикистонро худсарона азхуд карда, хонаҳои худро сохтаанд.

Саволе ба миён меояд, ки тарафи Қирғизистон дар асоси кадом ҳуҷҷат даъвои ин ҳудуди Тангнои Ворухро мекунад? Солҳои 1958-1959 ва соли 1989 тарафи Қирғизистон бидуни мувофиқа бо Ҳукумати Тоҷикистон бо ном Комиссияи паритетӣ ташкил карда, ҳудудҳои ғайриқонуни ғасбшудаи атрофи Ворухро ба манфиати худ яктарафа харита кардаанд, ки онро мақомоти ноҳияи Исфара ва Шӯрои Олии Тоҷикистон – мақомоти олии қонунгузори Тоҷикистони Шӯравӣ эътироф ва тасдиқ накардаанд, аз ин хотир  ин ҳуҷҷатҳои сохта қувваи ҳуқуқӣ надоранд ва ҳанӯз соли 1989 дар асоси даъвои тарафи Тоҷикистон ин ҳуҷҷатҳои комиссияи бесалоҳият аз ҷониби Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ бекор карда шудаанд. Яъне тарафи Қирғизистон ҳуҷҷатҳоеро далел меоранд, ки тарафи Тоҷикистон ба сабаби яктарафа ва надоштани қувваи юридикии онҳо ҳеҷ гоҳ онҳоро эътироф накардааст. Бо назардошти андешаҳои баёнгардида, хулосаи қатъии тарафи Тоҷикистон ба он асос меёбад, ки Ворух аз ибтидои Ҳукумати Шуравӣ анклав набуд ва ҷуъъи ногустании Тоҷикистон бо аҳолии 99% тоҷикон буд ва мемонад. Ҳамаи даъвоҳои тарафи Қирғизистон бепоя буда, ҳуҷҷатҳои пешниҳод кардаи онҳо дар бораи анклав будани Ворух қувваи юридикӣ надоранд ва худсарона таҳия гардидаанд.

Моҳияти содаи низои печидаи марзӣ байни ду давлати ҳамсоя аз ин иборат аст, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрӯз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. Заминҳое, ки ҳамчун «қитъаҳои баҳсӣ» ёдоварӣ мешаванд, ҳоло 84 000 га замин дар мавзеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (асосан аз ҳисоби ҷамоати Хистеварз ё Қистакӯзи собиқ), 56 000 гектар замин дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ (асосан минтақаи ҷангалзори Андарак), 61 000 гектар замин дар ҳудуди шаҳри Исфара (асосан аз ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух) ва баъзе қитъаҳои хурди дигар дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ғайраро дар бар мегиранд.

Ин заминҳо, ки қаламравии қонунии Тоҷикистон ҳастанд, дар тӯли ҳудуди 90 соли охир бо роҳу воситаҳои гуногун (ба воситаи санадҳое, ки дар солҳои гуногун байни шахсони алоҳида, ҷамоатҳо, хоҷагиҳо, шаҳру ноҳияҳо, комиссияҳо ва ғайра дар бораи истифодабарии муваққатӣ ё ҳатто, доимии заминҳо ҳосил шудаанд ва расмиёти тасдиқи давлатӣ ва байнидавлатиро нагузаштаанд), ба ихтиёри Қирғизистон гузашта, ҳоло амалан аз тарафи ин кишвар идора ва истифода мешаванд.

Ҳамин гуна будааст тақдири халқи тоҷик, ки таърих барояш ҷафоро пеша дида, ватанҳои аслиашро аз дасташ кашида гирфитааст. Ҳақ бар ҷониби шоири ширинкалом Бозор Собир аст, ки гуфтааст:

Душмани донишгадояш «Дониш»-и Сино гирифт,

Душмани бесуннаташ девони Мавлоно гирифт,

Душмани санъатфурӯшаш санъати Беҳзод бурд.

Душмани бехонааш дар хонаи ӯ ҷо гирифт.

Тоҷикистон дар баҳси марзӣ танҳо ба ҳуҷҷатҳои расмие, ки аз тарафи ҳукумати ИҶШС тасдиқ карда шудаанд такя мекунад. Мувофиқи банди «б»-и Конститутсияи ИҶШС аз 31 январи 1924 танзими масъалаҳои тағйир додани сарҳад байни ҷумҳуриҳои шӯравӣ танҳо ба салоҳияти ИҶШС мансуб буд. Банди «д»-и моддаи 14-уми Конститутсияи ИҶШС аз 5 декабри соли 1936 низ масъалаи тағйир ва тасдиқи сарҳадҳои ҷумҳуриҳои шӯравиро ба салоҳияти ИҶШС гузошта буд. Дар моддаи 18-и он ба таври қатъӣ сабт шуда буд, ки «Бе розигии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ тағйир додани ҳудуди онҳо манъ аст». Мутобиқи банди 2-юми моддаи 73-уми Конститутсияи ИҶШС аз 7-уми октябри соли 1977 низ масъалаи тағйиру тасдиқи сарҳадҳои ҷумҳуриҳои шӯравӣ танҳо ба салоҳияти ИҶШС мансуб буд. Моддаи 78-уми Конститутсияи соли 1977 низ талаб мекард, ки сарҳади байни ҷумҳуриҳои шӯравӣ танҳо БО РОЗИГИИ худи ин ҷумҳуриҳо тағйир дода шуда, барои расмият ёфтан ҳатман аз ҷониби ИҶШС тасдиқ карда мешаванд. Ҳамин талаботи катъӣ дар бораи розигии ҳатмии ҷумҳуриҳо барои тағйир додани сарҳадҳояшон, дар Конститутсия ҶШС Тоҷикистон низ ҷой дода шуда буд. Аз ҷумла, дар моддаи 2-юми Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон аз соли 1929 муқаррар шудааст, ки ҳудуди ҶШС Тоҷикистон наметавонад бе розигии он тағйир дода шавад. Конститутсияҳои минбаъдаи ҶШС Тоҷикистон аз соли 1931 (моддаи 29) ва солҳои 1937 ва 1978 (моддаи 15) низ муайян мекарданд, ки тағйир додани сарҳади давлатӣ бе розигии худи Тоҷикистон мумкин нест. ҳамин талаботҳо дар бораи тарзи тағйири сарҳади ҷумҳуриҳо дар конститутсия ҶШС Қирғизистон низ омада буданд. Дар тамоми давраи мавҷудияти Тоҷикистон ва Қирғизистон, танҳо ҳуҷҷатҳои тақсимоти миллӣ-ҳудудии солҳои 1924-1927 ва соли 1932 тамоми расмиёти талабкардаи Конститутсияи ИҶШС аз соли 1924-ро гузаштаанд ва танҳо ҳамин ҳуҷҷатҳо ҳамчун ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи сарҳади давлатӣ байни ин ду ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд. Дигар ҳуҷҷатҳо ва санадҳое, ки дар доираи мақомотҳои маҳаллӣ ба имзо расидаанд қурбӣ ҳуқуқӣ надоранд.

Аз ҳамин лиҳоз тарафи Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои расмӣ аз ҳукумати Қирғизистон танҳо заминҳои меросии худро талаб дорад, на чизи дигарро.

Тоҷикистон тули таърих ҳеҷ гоҳ кишвари таҷовузкор ё агрессор набуд ва намешавад. Аммо ҷониби Қирғизистон, ки заминҳои қонунии Тоҷикистонро баргардондан намехоҳад, метавонад ҳамчун ҷониби ғосиб ё ғасбкунанда дониста шавад. Зеро мувофиқи тамоми далелҳои таърихӣ, ҳуҷҷатӣ ва мантиқӣ, он бояд заминҳои Тоҷикистонро баргардонад.

Мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ мардуми ҷангҷӯй набуд ва нест. Халқи мо тули таърихи вазнину нангинаш танҳо аз ғасбкорон худро ҳимоя намудаасту халос. Ҳоло ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки кулли мардуми Тоҷикистон нисбаташ эҳтироми самимӣ доранд тарафдори ҳалшавии баҳси марзӣ тариқи гуфтушунид, эҳтироми тарафайн, якдигарфаҳмӣ ва бо роҳи мусолиҳатомез мебошад.

Нигора Азизова – мудири кафедраи
“Тибби оилавӣ” – и
МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.