КОНФЕРЕНСИЯИ XIII ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ – АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ “МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ ЁРИИ ҲАМШИРАГӢ ҲАНГОМИ ПАҲНШАВИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ” БАХШИДА БА 31 – УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 30 СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI – УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶКИСТОН
Рӯзи 16 декабри соли 2022, дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо ташаббуси роҳбарияти Муассиса н.и.т Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақшаи корӣ Конференсияи XIII ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ ЁРИИ ҲАМШИРАГӢ ҲАНГОМИ ПАҲНШАВИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ” БАХШИДА БА 31 – УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 30 СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI – УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶКИСТОН бо иштироки меҳмонон, олимони дохиливу хориҷи кишвар, муовинони директор, деканони факултет, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” баргузор гардид. Дар кори конференсия д.и.ф. профессор Юсуфӣ С. Ҷ. – сардори Раёсати таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алиев Довудхон – сардори Раёсати муассисаҳои миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадов Аъламхон Аҳмадович – муовини ректор оид ба илми МҒТ “Донишкадаи тиббию иҷтимоии шаҳри Душанбе” ва н.и.т. Ашуриён Ш. С. – директори МДТ “Коллеҷи тибии ҷумҳуриявӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конференсияи илмӣ-амалиро директори муассиса н.и.т. Ашуриён Ш. С. ифтитоҳ бахшида, зикр намуданд, ки “Масъалаҳои муҳими ёрии ҳамширагӣ ҳангоми паҳншавии бемориҳои сироятӣ”, дар шароити ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои актуалӣ буда, хавфи паҳншавии бемориҳои сироятӣ то ҳол идома дорад. Ба ҳамаи мо маълум аст, ҳангоми паҳншавии бемории корновирус COVID-19 барои мардуми кишвар дар қатори дигар давлатҳои хурду бузурги дунё бо назардошти пандемияи бемории корновирус COVID-19 чигуна мушкилотҳо пеш омад. Вале маҳз бо талошҳо ва андешидани чораҳои зарурӣ вобаста ба пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти мазкур аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар, алалхус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ ин мушкилот бартараф гарид.
Баъд аз ифтиҳоҳи конференсия, тибқи барномаи конференсия 10 мавзӯъҳои пешниҳод гардида шунида шуд.
- Негматова Г.К.–“Нақши ҳамшираи тиб дар гузаронидании эмкунии оммавӣ аз COVID-19 дар дармонгоҳо”
- Раҳмонова М., Шарифов С. П. – “Ваксинасия усули аз ҳама самараноки пешгирӣ аз бемории COVID-19”;
- Бобоходжаева З. С. – “Клиническая характеристика гименолепидоза у детей. Хусусиятҳои клиникии бемории Геминолипидоз (Гиҷҷа) дар кӯдакон”
- Арбобов Х. – “Таърихи муҳандисӣ дар рушди компютерҳои фардӣ”;
- Қурбонова П. Г. – “Баъзе масъалаҳои патофизологияи қамчин будани витамини Д дар организми кӯдак”;
- Азизова Н. – “Таъсири вируси тоҷдор ба мубодилаи ангиштобҳо ва чарбҳо (SARS-COV-2)”;
- Мамадаминова С.Х., Каюмов Ф. Дж. – “Профилактика неврологических нарушений при сахарном диабете 1типа в детском возрасте”;
- Курбанов Н. Т. – “Социально — эпидемиологические особенности и меры профилактики инфекций, передающихся половым путем, среди трудовых мигрантов Хатлонской области Республики Таджикистан”
- Аминов А. – “Антибиотик грамма микроорганизмов кокковой флоры, выделенных в кале у детей”;
- Муминзода Ҷ. С. – “Тарс ҳамчун омили инкишофи беморӣ”.
Баъди шунидани баромадҳо ва таҳлилу муҳокимаронии иштирокчиён дар конференсия қарорҳои зерин қабул карда шуд.
- Бемориҳои сироятӣ – бузургтарин мушкилоти замони мо мебошанд ва ҳангоме, ки Пандемияи COVID-19 дар тамоми дунё паҳн шуда, боиси талафоти назарраси ҷонӣ гардид — Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вокуниши дурусту саривақтӣ таъсири манфии ин ваборо то ҳадди минималӣ расониданд ва хушбахтона ҷомеаи шаҳрвандии мо имрузҳо озодона, бе ягон маҳдудиятҳои нороҳаткунанда умр ба сар мебаранд. Дар аксари кишварҳо сабаби авҷ гирифтани бемориҳои сироятиро, ки то ҳол хомӯш нашудаанд, қисман бо норасогии кормандони миёнаи тиб метавон шарҳ дод.
- Ҳангоме, ки пандемия дар саросари ҷаҳон паҳн гардид, ҳамшираҳои тиб(кулли кормандони миёнаи тиб) дар сафи пеши мубориза қарор доштанд ва доранд.
- Ҳамшираҳои тиб (кулли кормандони миёнаи тиб) дар вусъатбахшии расонидани хизмати тиббӣ ба аҳолии ноҳияҳои дурдаст нақши калон мебозанд.
- Далелҳо нишон медиҳанд, ҳамшираҳои тиб(кулли кормандони миёнаи тиб) низ дар беҳтарсозии натиҷаи табобати беморон саҳм гузошта дар баробари ин таълим ва ҷобаҷокунии онҳо нисбат ба дигар мутахассисони соҳаи тиб хеле арзонтар аст. Яъне сармоягузорӣ ба соҳаи миёнаи касбии тиббӣ аз ҷиҳати рушди иқтисодӣ, баробарии гендерӣ ва албатта тандурустӣ афзалият дорад.
- Конференсия қайд менамояд,ки яке аз чорабинииҳои муҳим барои паҳн нагардидани бемоиҳои сироятии хаффнок (дар мисоли пандемияи COVID-19) дар замони ҳозира ин эмкуни (ваксинатсия) — и сартосарии аҳолӣ мебошад. Ваксинасия усули аз ҳама самараноки пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ буда, самаранокии ваксина аз антигени таркиби он вобаста аст.
- Тибқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии тадурустӣ (ТУТ) «ваксинасия як роҳи содда, безарар ва самаранокии муҳофизат аз бемориҳои сироятӣ буда, раванди пурзӯр кардани системаи иммунии организмро ба бемориҳои сироятӣ фаъол мекунад».
- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ваксинаи навъи Модерн, Файзер ва Астразенека таъсири мусбӣ расонида, эффекти худро зоҳир карда метавонанд. Шахсоне, ки онҳо навъи Модерн, Файзер ва Астразенека гузаронида буданд, дар онҳо баъд аз ду рӯзи гузаронидани вояи ваксина дард ва мондашавии мушакҳо, ҳарорати баланд, бемадорӣ, банд шудани иштиҳо ва нафастангӣ дида шудааст.
- Ҳамчунин конференсия қайд менамояд,ки ҳиссиёт тарс ҳамчун омили авҷи беморӣ боқӣ монда, барои бартараф намудани ин ҳиссиёт ҳангоми паҳншавии бемориҳои сироятӣ гузаронидани чораҳои зарури аз қабили инфиродикунӣ (карантин) – и аҳолӣ нақши муҳим дорад.
- Ҳукумати кишвар дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини бозори меҳнатии дохилӣ бо мутахассисони баландтахассус ва салоҳиятноки миёнаи касбии тиббӣ тайи солҳои охир як чанд муассисаҳои таълимии нави миёнаи касбиро сохта ба истифода қарор доданд.
- Баргузор намудани ин чорабинии илмӣ низ таҳти унвони “Масъалаҳои муҳими ёрии ҳамширагӣ ҳангоми паҳншавии бемориҳои сироятӣ” барои ҳифзи мавқеи кормандони миёнаи тиббӣ равона шуда, боиси боз ҳам баландтар бардоштани сатҳи раванди таълиму омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ мегардад.
Қарори конфересия мазкур ба ҳаммаи иштирокчиён,муассисаҳои таълимии миёнаи тиббӣ ва муассисаҳои табобатию пешгирикунанда бо тариқи элкетронӣ расонида шуда, фишурдаи маводҳои дар маҷҷалаи Ҳамшираи тиб ва момодоя ва рӯзномаи Шафқат ба чоп расонида шаванд.