Хабарҳо ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Dec 23, 2022 0 Аз гузашта то ба имрӯз китоб барои инсон як маъхази бебаҳои ақлу хирад аст. Ҳар як халқу миллат маҳз, тавассути китоб тамоми мероси гаронбаҳои худро дар тӯли асрҳо омӯхтааст. Таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши хат ва забон мансуб аст. Баъди зуҳури хат одамони қадим имкон пайдо кардаанд, ки дар рӯйи санг, чӯб, сафол, барги дарахтон, устухонҳо, пӯсти хайвонот нақш офаранду нависанд. Бо мурури замон дар натиҷаи ихтирои қоғаз низоми нави китобдорӣ ҷорӣ гардид. Дар Аврупо низ китобчопкунӣ аз варақҳои яклухт, баъд ба пӯст ва ниҳоят ба қоғаз гузашт. Ҳамчунин халқи тоҷик низ аз шумораи он халқҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва эътиқоди хоса дорад. Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни чаҳони мутамаддин, хосса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи суханҳо аст. Осори классикон низ тавассути китоб то замони мо эҳё гардида, олами тафаккури мардумро мисли субҳ равшан мекунад, Агар дақиқтар андеша ронем, китоб рафиқи ҷонии инсон аст. Дар лаҳзаи вазнинӣ, бахусус танҳоӣ китоб дар бари мост. Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавии зиндагии рангинро наметавон тассавур намуд. Ба таъбири халк: «Хонаи бе китоб рӯзи бе офтоб аст». Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яъне санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат гуфтаанд: «Китоб калиди дониш ва воситаи асосии саводнокшавӣ аст». Дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” низ таҳти роҳбарии шахси хирадманду дурандеш ва олим, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода шумораи китобҳои зиёде ба нашр расида, захираҳои китобхона то ҳадде зиёд гаштаанд. Бо ташаббускориҳои роҳбари Муассиса дар назди китобхона утоқҳои махсуси мутолиаи китобҳои электронӣ бо захираҳои бойи моддию маънавӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Ҳамин аст, ки дар даври ноҳиявии озмуни “Китобхонаи беҳтарин”, аз рӯи номинатсияи “Китобхонаи беҳтарини илмӣ-соҳавӣ”, ки санаҳои 8 – 10 декабри соли ҷорӣ байни тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гашт, китобхонаи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ҷойи дуюмро ишғол намуд. Маҳакҳои асосии арзёбии китобхонаҳои муассиса ин миқдори китобҳои таълиӣ, сатҳи ҷиҳознокии китобхона, мавҷудияти толорҳои китобхонӣ ва мавҷудияти гӯшаҳои бадеӣ буданд. Лозим ба ёдоварист, ки озмуни мазкур миёни муассисаҳои шакли таҳсилашон олӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуда боиси сарфарозист, ки миёни донишгоҳу донишкадаҳо муассисаи таълимии мо сазовори ҷойи дуюм гаштааст. Ҳамаи ин бо шарофати меҳнату шабонарӯзӣ ва ғайрати роҳбари Муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ба амал омада, ҳайати коллективи Муассисаро бо ин комёбӣ табрик менамоем. Пеш 1 то 5 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан