Хабарҳо ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ НАЗДИ МУОВИНИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Dec 22, 2022 0 Паёми ҳарсолаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Воқеан, аҳолии кишвар ҳамасола интизори ироаи Паём мебошанд, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои пурмуҳтавои худ тамоми дастовардҳои соли сипаригаштаро ба саҳми мардум расонида, ҳамзамон баҳри ҳифзи иҷтимоии табақаҳои гуногуни ҷомеа дар соли оянда, имтиёзҳои зиёдеро пешкаш менамоянд. Омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ низ аз ҷумлаи ҳамин табақаи ҷомеа мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хосаи Пешвои маҳбуб ва ғамхор қарор доранд. Барои ба саҳми тамоми донишҷӯён ва омӯзгорон расонидани Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, ки санаи 23 декабр ироа мегардад, аз ҷониби роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ба масъулин як қатор дастур ва супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар робита бо ин санаи 22 декабри соли 2022 ҷаласаи ғайринавбатии назди муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Одилзода И.Ё. баргузор шуд. Дар ҷаласа деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва кормандони техникии Муассиса ҳузур доштанд. Зимнан ба ҳозирин дастури роҳбари Муассиса ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани иштироки омӯзгорону донишҷӯён барои шунидани Паёми роҳбари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, расонида шуд. Ба кормандони техникӣ низ дастур дода шуд, ки тамоми толорҳои бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳазро бо ноқилҳои хати телевизионӣ таъмин намоянд. Дар ҷамъбаст ҳозирин изҳор доштанд, ки кафедраҳо барои пахши мустақими Паёми Президенти кишвар пурра омода мебошанд. Пеш 1 то 8 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан