Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ ВА ШУРОИ ОЛИМОНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 26 декабри соли ҷорӣ тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида бо иштироки роҳбарият, кулли кормандони Муассиса, инчунин сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.т., профессор, Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор ва сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Довуд ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Муассиса дар соли 2022 баргузор гардид

Дар оғоз директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҳузури меҳмононро ба ин даргоҳи илм хайрамақдам хонда бо истифода аз фурсати муносиб тамоми ҳозиринро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният намуданд.

Сипас ҳисоботи солона дар шакли мухтасар аз ҷониби роҳбари Муассиса пешкаши ҳозирин гардид. Зимнан дар баробари дастовардҳои соли 2022 оид ба муаммоҳои ҷойдошта ва дурнамои соли 2023 низ маълумоти муфассал дода шуд. Баъдан музокираи ҳисобот аз ҷониби аъзоёни Шурои олимони Коллеҷ ва меҳмонон барпо гашт. Одилзода Исмоил Ёқубҷон – муовини директор оид ба корҳои таълимии Муассиса ба саволҳои мавҷудаи иштирокчиёни ҷаласа посух гардонида, изҳор доштанд, ки тамоми нишондиҳандаҳо нисбат ба давраи ҳисоботии соли гузашта ба маротиб афзудаанд ва роҳбарияти Муассиса тибқи дурнамо тасмим доранд, то ин ки боз ҳам беҳтар корро ба роҳ монда сатҳу сифати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони миёнаи касбиро ба зинаи нав бардоранд.

Ализода Довуд — сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ фаъолияти солонаи Муассисаро бо назардошти дастовардҳо, мусбӣ арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки ҳисобот қаноатманд ва қобили қабул аст. Ҳамзамон д.и.т., профессор Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор — сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳисоботро, ки дар он тамоми самтҳои фаъолияти Муассиса дарҷ ёфта буд, қаноатманд ва қобили қабул дониста, зикр намуданд, ки фаъолияти тамоми бахшу сохторҳои Муассиса дар ҳисобот дақиқан дарҷ ёфта, таҳлили хуб ҳам гузаронида шудааст.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.