Хабарҳо ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Dec 27, 2022 0 Санаи 26 декабри соли 2022 тибқи дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузорнамоии ҷараёни сессияи зимистонаи соли таҳсили 2021-2022 ҷаласаи ғайринавбатии назди муовини директор оид ба корҳои таълимӣ баргузор шуд. Дар ҷаласа сардори шуъбаи таълим Аслонова З., сардори шуъбаи назорати сифати таҳсил Сафаров А. мутахассисон ва сармутахассисони шуъбаи таълим иштирок доштанд. Зимнан муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. ба масъулин оид ба тартиб ва тасдиқи нақша ва ҷадвалҳои имтиҳонсупорӣ дастуроти мушаххас дода, изҳор доштанд, ки баҳри пешгирии сарзании ҳолатҳои номатлуби хусусияти коррупсионӣ дошта ҷараёни имтиҳонсупории донишҷӯён пурра зери назорати қатъӣ гирифта шавад. Қайд гардид, ки дар ҳамбастагӣ бо кафедраҳои таълимӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни донишҷӯён оид ба оқибатҳои ин амали номатлуб пешбарӣ карда шаванд. Инчунин муовини директор оид ба корҳои таълимӣ таъқид сохтанд, ки ҷараёни қабули имтиҳонҳо нақшавӣ, гузаронида шуда оид ба натиҷаҳои бадастомадаи сифат ва пешрафт саривақтӣ масъулин ҳисобот омода сохта пешкаш намоянд. Масъулин низ изҳор доштанд, ки тамоми ҷадвалҳо пурра омода буда, барои баргузорнамоии ҷараёни қабули имтиҳонҳо дар Муассиса тамоми чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Пеш 1 то 5 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан