ИДОМАИ БАРФТОЗАКУНИИ РОҲРАВҲО ДАР МДТ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ»
Субҳи имрӯз тибқи дастуру супоришҳои директори Муассиса н.и.т Ашуриён Ш. С. ва нақша-чорабиниҳои қисми тарбия
ҷиҳати ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои таълимӣ, саҳни ҳавлӣ, гирду атрофи муассиса ва қитъаҳои вобасташуда шанбегӣ гузаронида шуд.
Дар маъракаи ободонӣ, ҳайати роҳбарият, кормандони хоҷагидорӣ, омӯзгорон ва мудирони кафедраҳо иштирок намуда, гирду атрофи биноҳои таълимӣ ва ҷӯйбори обравро аз барфу яхпораҳои боқимонда тоза намуда, роҳравҳоро рубучин намуданд.
Мақсад аз ташкил намудани шанбегӣ, ин бехавф гаштугузор намудан дар роҳравҳо ва зебову назаррабо намудани хиёбонҳои шаҳрамон мебошад.