Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

БЕҲТАРСОЗИИ САТҲИ ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОНИ МИЁНАИ КАСБӢ ТАРИҚИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА БО СОЗМОНҲОИ БОНУФУЗИ БАЙНАЛМИЛЛАӢ

Санаи 20 январи соли 2023 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” вохурии ҷонибҳои манфиатдор баҳри таҷдиди назар андохтан ба барномаҳои таълимии ҷойдоштаи ихтисосҳои “Кори ҳамширагӣ”, “Кори момоӣ”, “Кори табобатӣ” ва воридсозии таъғиру иловаҳо ба нақшаҳои таълимӣ алалхусус зиёд кардани соатҳои таълимии фанни неонотология баргузор шуд. Мавриди зикр аст, ки роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, алалхусус директор, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода баҳри таҳкими раванди таълимӣ ва таҳрезии барномаҳои таълимии ихтисосҳои мавҷуда дар Коллеҷ бо дар назардошти таҷрибаи давлатҳои пешқадам, робитаҳои зичи бисёрҷонибаро бо созмонҳои бонуфузи минтақа ва ҷаҳон ба роҳ мондаанд.

Дар вохурии имрӯза, намояндагон аз Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), Бюрои минтақавии Аврупоии ТУТ,  коршиносони байналмиллалии ТУТ оид ба кори ҳамширагӣ ва кори момодоягӣ, намояндагони иттиҳодияҳои ҳамшираҳои шафқат ва момодояҳои давлатҳои Осиёи марказӣ ва шарикони рушд иштирок доштанд. Дар оғоз роҳбари Муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҳузури меҳмононро ба даргоҳ пазируфта, бо онҳо масоили умумӣ ва нақшаю дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд. Сипас меҳмонон ба гурӯҳҳои хурд тақсим шуда, бо ҳамроҳии мудирони кафедраҳои таълимӣ ва шахсони масъул масъалаҳои зикргардидаро боз ҳам амиқтар таҳлил намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо байни ҳам ибрози андеша намуда, ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Дар анҷом ҷонибҳо изҳор доштанд, ки баҳри амалисозии нақшаҳои зикргардида, бо ҷалби кафедраҳои тахассусӣ семинару тренингҳо баргузор карда мешаванд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.