Хабарҳо МОНИТОРИНГИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Feb 9, 2023 0 Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим аз ҳадафҳои муҳими роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” маҳсуб ёфта, ҳамеша дар мадди назари директори муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода қарор мегирад. Чун МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” муассисаи таълимист ба масоили назорат ва беҳтарсозии раванди таълим инчунин ба омодасозии мутахассисони баландихтисос афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад. Бо дарназардошти оне, ки муҳассилини Муассиса дар оянда бо саломатии аҳолӣ сару кор хоҳанд намуд, ин масъулиятро дучанд мегардонад. Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои роҳбари муассиса ҷиҳати беҳтарсозии раванди таълим ва расидан ба ҳадафҳои нақшавӣ дар кафедраҳои муассиса мунтазам аз ҷониби сохторҳои дахлдори Коллеҷ мониторинги раванди таълим гузаронида мешавад. Дар ин замина тибқи нақша шуъбаи таълим санҷиши давомоти донишҷўён, истифодаи маводи таълимӣ-методӣ, муаррифии фанни таълимиро мунтазам ба роҳ мондаанд. Ҳамин тавр, санаи 9 феврали соли 2023 муовини диерктор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. дар машғулиятҳои омӯзгорони кафедраҳои стоматология, кори дандонсозӣ, тибби оилавӣ ва асабшиносӣ, ёрии паллиативӣ ва асосҳои равоншиносӣ баҳри таҳлили вазъи раванди таълим, истифодаи бастаи маводи таълимӣ-методӣ ва муаррифии фанниро дар раванди таълим иштирок намуданд. Зимни санҷиш маълум гардид, ки омўзгорони кафедраҳои зикршуда бо барномаҳо ва маводҳои таълимии тасдиқгардида таъмин буда, доишҷўён низ ба силлабус ва дигар маводҳои таълимии ёрирасон дастрасӣ доранд. Ҳамчунин зимни санҷиш мушоҳида гардид, ки аксарияти омӯзгорон дар раванди дарс аз муаррифии фаннӣ пурсамар истифода мебаранд. Қайд кардан зарур аст, ки омўзгорон дар машғулиятҳои худ аз усулҳои фаъоли таълим истифода мебаранд, ки омили асосии беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим мегардад. Пеш 1 то 11 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан