Хабарҳо ДАРСИ КУШОДИ НАМУНАВӢ ДАР МАВЗӮИ “ҚИСМҲОИ МУСТАҲКАМКУНАНДА (ЧАНГАКҲО)” ДАР КАФЕДРАИ “КОРИ ДАНДОНСОЗӢ”-И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Feb 10, 2023 0 Дар МДТ “Коллеҷи тибии Ҷумҳуриявӣ” аз оғози соли таҳсили 2022 – 2023 тибқи дастуру супоришҳои роҳбари Муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва тибқи нақшаи чорабиниҳои коллеҷ гузаронидани дарсҳои кушоду намунавӣ дар назар аст. Дар робита бо ин, санаи 8 – уми феврали соли ҷорӣ дар кафедраи “Кори дандонсозӣ”аз тарафи омӯзгори кафедра Сафаров Ф.Б, дарси кушоду намунавӣ аз фанни “Техникаи сохтани протезҳои ғайримуқимӣ” дар мавзуъи “Қисмҳои мустаҳкамкунанда (чангакҳо)” бо иштироки донишҷӯёнӣ гурӯҳҳои 207 ва 208-и курси дуюми факултети “ Кори дандонсозӣ ” гузаронида шуд. Дар дарси кушоди имрӯза сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот Сафаров А.И., сармутахассиси шуъбаи назорати сифати таҳсилот Мазабова Н.Н. ва омӯзгорони кафедраҳо иштирок намуданд. Дар раванди дарс аз тарафи омӯзгор усулҳои муосири таълим, ба мисли кор бо карточкаҳо, пур кардани крассворд, савол ҷавоб байни гурӯҳҳо истифода бурда шуданд. Омӯзгор дар рафти гузаронидани машғулият инчунин аз айёниятҳо ва таҷҳизотҳои дандонсозӣ истифода намуд. Ҳамаи донишҷӯён ба дарс бо маводҳои таълимӣ ҳозир шуда буданд. Ҳамаи марҳилаҳои дарс тибқи нақша, сохторбанди карда шуда буд. Барои шавқовар гузаштани машғулият омӯзгор ҳамаи маҳорат ва малакаи худро истифода намуд. Мақсади гузаронидани дарси кушоди намунави, ин баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён мебошад. Омӯзгорони кафедра кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои дар оянда боз ҳам хубтару беҳтар гузаронидани дарсҳои кушод аз ҳама роҳу усулҳои таълим истифода намоянд. Пеш 1 то 6 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан