Хабарҳо ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИВӢ “ТОҶИКОН” – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ” ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Feb 20, 2023 0 Бо дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т Ашуриён Ш.С. ва мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 17- феврал бо иштироки васеъи омӯзгорону донишҷӯён даври аввали озмуни ҷумҳуриявӣ “Таҷикон”- оинаи таърихи миллат” доир гардид. Мудири кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” н.и.ф. Назарова М., озмунро ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки бо ташаббус ва сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 115 солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар соли 2023 Озмуни ҷумҳуриявӣ “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” баргузор мегардад. Ин иқдоми шоистои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби ҷавонон ба китобхониву донишандузӣ ва огаҳи ёфтан аз таърихи миллати тоҷик буда, баргузории чунин озмунҳо барои баланд бардоштанӣ донишандӯзии муҳасилин заминаи хубе буда метавонад. Дар озмун сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот Сафаров А., сардори шуъбаи илмӣ – методии коллеҷ Раҳимова Х., мудири кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ Раҳмонова М., мудири кафедраи “Тиббӣ оилавӣ” Азизова Н., устодони кафедраи ” Фанҳои гуманитарӣ” иштирок намуданд. Дар озмун аз ҳамаи факултетҳои коллеҷ 60 нафар иштирок намуданд ва 8 нафар ба даври дувум роҳ ёфтанд. Пеш 1 то 4 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан