Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

АКСИЯИ “САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН!” ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади саҳмгузорӣ дар маъракаҳои ободониву тозагӣ ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш шаҳри Душанбе, бахшҳои ноҳиявии он дар ҳамкори бо муассисаҳои оливу касбии таълимӣ ҳашари дастаҷамъонаи ҷавонон таҳти унвони “Саҳми ман дар шаҳри ман!”  ба роҳ монда шуд.

Дар ин тадбири ободонӣ, тибқи супориши директори Муассиса н.и.т Ашуриён Ш. С. дар дохили биноҳои таълимии Муассиса ва роҳҳои кӯчаҳои Раҳмон Набиев ва Камонгарон 3-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки биноҳои таълимӣ ҷойгир шудаанд, шанбегии дастаҷамъона таҳти шиори “Саҳми ман дар шаҳри ман” доир карда шуд. Дар раванди шанбегӣ ҷавонон донишҷӯён ҷӯйборҳои обгузари канораҳои роҳро тоза намуда, кӯчаҳои номбаршударо аз ҳаргуна партовҳо тозаву озода намуданд.

Илова ба ин донишҷӯён дар корҳои тозагиву ободонии муассисаи таълимӣ, гирду атрофи бинову иншоотҳои маъмурӣ, хобгоҳи донишҷӯён иштироки фаъолона намуда, маконҳои зикршударо аз партовҳо тоза намуданд.

Мавриди зикр аст ки тадбири мазкур минбаъд низ ҳар ҳафта вобаста ба вазъи боду ҳаво ба роҳ монда мешавад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.