Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ” ТАҲТИ УНВОНИ “ АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН ” ДАР КАФЕДРАИ “ФАНҲОИ МОРФОЛОГӢ”- И МДТ ” КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Артиши миллии Тоҷикистон рамзи давлатдории мо дар ҷаҳон аст, ки аз таъсисёбии он 30-сол пур мешавад .

Санаи 20.02.2023с. тибқи дастуру супоришҳои директори муассиса н.и.т. Ашуриён Ш. С. ва нақша – чорабиниҳои қисми тарбия бо мақсади арҷ гузоштан ба яке аз рамзҳои давлатӣ – Рӯзи артиши миллӣ ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони “ Артиши миллӣ  – пояи  боэътимоди ватан” бо иштироки сарбозони қисми ҳарбии КДАМ ҶТ деканони факултетҳо, мудирон ва омӯзгорони кафедра баргузор гардид.

Сараввал суруди миллӣ садо дода, дар бораи таърихи қабули  артиши  миллӣ , гиромидошти он ва мақсад аз таҷлил гардидани Рӯзи Артиши миллӣ ёдоварӣ карда,  инчунин дар бораи саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккулу таҳаввулоти таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷикон ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон суханронӣ намуданд.

Ғайр аз ин донишҷӯён  дар мавзӯи “Таърихи пайдоиши рӯзи артиши миллӣ , моҳият ва нақши таърихии он дар давлатдории тоҷикон” баромад намуд. Инчунин донишҷӯён дар васфи артиши миллӣ  шеъру қиссаҳо пешкаши ҳозирин намуданд.

Дар қисми фарҳангии ҳамоиш    донишҷӯёни муассиса бо шеъру сурудҳои дилнишин ва видеороликҳои таблиғотӣ хотири ҳозиринро шод намуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.