Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ИШТИРОКИ МАҶОЗИИ (ОНЛАЙНӢ) ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ДАР ҶАЛАСАИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 21 феврали соли ҷорӣ тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини иштироки маҷозии ҳайати роҳбарикунандаи Муассиса дар ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастури директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т., Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, тамоми ҳайати роҳбарикунандаи шуъбаҳо, деканатҳо, бахшу сохторҳо ва кафедраҳо тариқи маҷозӣ дар ҷаласаи мазкур ширкат варзиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо заҳматҳои директори Муассиса н.и.т., Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода барои иштирок дар чунин ҷаласаҳои маҷозӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда, толорҳо бо таҷҳизотҳои махсус муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Дар ҷаласаи назоратӣ Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба ва сардорони сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилояту шаҳру ноҳияҳо, ҳамзамон ҳайтаи роҳбарикунандаи тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) ширкат варзида, маърӯзаи сардори раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ Ализода Довуд “Оид ба сатҳи таълим дар гурӯҳҳои ғоибонаи муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ ва мушкилотҳои ҷойдошта”-ро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар анҷоми ҷаласа баҳри рафъи мушкилотҳо вобаста ба самтҳои мухталифи фаъолияти вазорат ба шахсони мутасаддӣ дастуроти мушаххас дода шуд.

Роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” барои омодасозии мутахассисони баландтахассуси соҳавӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи зич ба роҳ монда, баҳри иҷроиши саривақтии тамоми дастуроти мавҷуда саъйю талош менамоянд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.