Экспедитсияи илмии мудири кафедраи “Технологияи дорусозӣ ва ташкили иқтисоди фарматсия” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Сайдаҳмадов С.С. ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин санаҳои 20 то 22 майи соли 2020 бо мақсади омӯзиши растаниҳои шифоӣ дар деҳаи Оҳангарони боло анҷом ёфт. Дар наворҳо ҳамчунин ҷараёни сабзиши растаниҳои шифоӣ, ки аз тарафи омӯзгорони кафедра парвариш карда мешаванд оварда шуданд, аз ҷумла муруди заминӣ, чоқала, чукрӣ, ҷаъфарӣ, арпабодиён, гиёҳи ботлоқӣ, сумбулаи доругӣ, лимугиёҳ, субинак, пудинаи боғӣ, шибити доругӣ, қоти сиёҳ, турби куҳӣ (хрен обикновенный), гули ғармаш, мушхор, бодовари доғдор, бобунаи доругӣ, момирон ва ғайра, ки хусусиятҳои хуби табобатӣ доранд.