Сулҳи Тоҷикистон ба тамоми маънӣ ба фаъолияти сиёсии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии қавӣ дорад. Ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Хуҷанд ӯ ба қатъият изҳор намуда буд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».
Ба зудӣ баъди анҷоми Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони Тоҷикистон ба масъалаи музокироти сулҳ шурӯъ карданд. Дар изҳороти Президент ба муносибати иди Наврӯзи соли 1993, дар Иҷлосияи XVII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои умдаи муайян кардани роҳи музокирот мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
Ҷониби ҳукумат ҳанӯз дар нимаи соли 1993 ин амри воқеиро ба хубӣ дарк намуд, ки барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, барои боз гардондани гурезаҳо ва муҳоҷирини иҷборӣ ба маҳаллӣ иқомат ва макони зист, барои барқарор сохтани ҳазорҳо манзили бар асари ҷанг харобгашта, боздоштани пастравии иқтисод ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба хотири рушди Тоҷикистон бояд мардумро гирдиҳам овард ва бо мухолифин сари мизи музокирот нишаст. Бо ин ибтикори ҳукумат пояи нахустини истиқрори сулҳ миёни тоҷикон гузошта шуд.
Давраи якуми музокироти сулҳи тоҷикон дар шаҳри Москва аз 5 то 19 апрели соли 1994 баргузор гардид. Дар маҷмӯъ 8 музокироти сулҳи тоҷикон баргузор шуд.
Тамоми раванди музокироти сулҳи тоҷикон ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд буд. Аз ҳамин сабаб ҳам дар раванди музокироти сулҳ шакли сеюми ҳамкории тарафҳо дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик зоҳир мешавад. Он зинаи олии музокирот ба ҳисоб рафта, муҳокимаи мубрамтарин масъалаҳо мавриди гуфтугӯ қарор мегирифт. Маъмулан чунин мулоқот дар сурате доир мешуд, ки агар масъала дар сатҳи музокирот ё машварат ҳал намешуда бошад.
Аввалин мулоқоти ҷонибҳо 17-19 майи соли 1995 дар шаҳри Кобул баргузор гардид, ки дар он изҳороти муштарак қабул карда шуд. Мулоқотҳои минбаъда дар сатҳи олӣ 19 июли соли 1995 дар Теҳрон, 10-11 декабри соли 1996 дар Афғонистон ва 19-23 декабри ҳамон сол дар Москва, 21-22 феврал ва 16-18 майи соли 1997 дар шаҳрҳои Машҳад ва Бишкек доир шуданд.
Роҳбарияти давлат пешниҳодро дар бораи даъвати иҷлосияи махсуси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати якум) пурра дастгирӣ кард, гарчи оппозитсия барои иштирок дар ин иҷлосия мувофиқа кард ва ҳукумат кафолати амнияти онҳоро ба дӯш гирифт, аммо дар Иҷлосияи мазкур, ки 11 марти соли 1996 баргузор гардид, намояндагони он иштирок накарданд. Дар ин бора Президент Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш дар иҷлосияи махсус чунин гуфт: «Ба иҷлосия даъват шудани роҳбарияти мухолифин танҳо як мақсад дорад: азбаски давраи бетанаффуси гуфтушуниди байни тоҷикон ба кӯчаи сарбаста ворид шуд, қарор додем, ки дар ин иҷлосия бо роҳбарияти мухолифин рӯ ба рӯ, ошкоро, бе пардапӯшиҳои дипломатӣ гуфтугӯ кунем.
Ман ҳамеша тарафдори он будам ва ҳастам ва инро ҳангоми мулоқотҳоям бо роҳбари мухолифини мусаллаҳи исломӣ С. А. Нурӣ дар Кобул ва Теҳрон ҳам гуфтам, ки муноқишоти миёни тоҷиконро бояд худи тоҷикон, намояндагони босалоҳияти ҳамин мардум, ки дилашон ба халқу кишварашон месӯзад, ҳал кунанд».
Раванди музокироти сулҳи тоҷикон бо имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» (27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва) ба поён расид.
Имрӯз, бояд махсусан таъкид намуд, ки муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ аст. Роҳбарии хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ, рӯҳи ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматию ҳаракатҳои мардумӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Сарвари давлат аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаҳои асасӣ мусоидат намуданд. Кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат ва ҳамчунин заковати мардуми бономусу бофарҳангамон натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ ба муносибати имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аҳамияти бузурги таърихии ин ҳодисаи фараҳбахшро барои сарнавишти миллати тоҷик ва ҳамаи тоҷикистониён таъкид намуда, аз ҷумла овардааст: «Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои 5-6 соли охир барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саъид ҷомаи амал пӯшид. Ман имрӯз гуфта метавонам, ки насли ҳозираи миллати тоҷик ҳарчанд аввал пешпо хӯрд, имрӯз пирӯз аст. Зеро ин насл тавонист васвасаи аҳриманиро, ки дар майнаи халқи мо ҷо гирифта буд, аз худ дур андохта, морони заҳҳокиро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон мекарданд, саркӯб созад… Ақли солим ва хиради дурбин пирӯз шуд. Рӯзи фархундае, ки онро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, дар ҳамаи оилаҳо интизор будем, фаро расид».
«Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва дар натиҷаи қӯшишҳои мунтазами Ҳукумат дар кишвар фазои сулҳу салоҳ ва ризоияти миллӣ барқарор шуд. Маҳз аз баракати сулҳу оштии миллӣ мо тавонистем ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Ватанамонро таъмин намуда, чорабиниҳои бузурги умумимиллии худро гузаронем».
Таҷриба ва амалияи ба даст овардани сулҳи миёни тоҷикон натанҳо аҳамияти миллӣ, балки аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Зеро ҳамсоли хуби ҳаллу фасли низоъҳои миллӣ ва дохилидавлатии минтақаҳои гуногун шуда метавонад. «Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гурезаҳо ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид». Омӯзиши ҳамаҷонибаи ин таҷриба имконият медиҳад, ки пеши роҳи сар задани чунин моҷароҳо гирифта шавад ва дар сурати ба вуқӯъ омадани ҳар гуна муноқишаҳо роҳи ҳалли онҳо ҳарчи зудтар пайдо карда шаванд.
Дар таҳким ёфтани сулҳи байни тоҷикон саҳми Созмони милали Муттаҳид ва давлатҳои кафил чун Россия, Эрон, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон низ бисёр чашмрас аст.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки дар ҳалли чунин низоъҳо дигар омилҳо низ таъсири худро доранд. Аз ҷумла нақши Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, дигар сохторҳои сиёсию ҷамъиятӣ, ки дар ин шӯро ба ҳам омаданд, дар роҳи муттаҳид намудани қувваҳои солими ҷомеа назаррас мебошад. Таъсири Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон, ки 9 марти соли 1996 аз ҷониби 30 ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва дар заминаи он Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон таъсис ёфт, дар пешрафти музокирот ва сулҳи тоҷикон бузург мебошад.
Ҳадафи асосии Аҳднома ва таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ дастёб шудан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки хушбахтона халқи тоҷик ба ин мақсади олии хеш ноил шуд. Ҳамон тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 марти соли 2002 қайд карданд, «мо хизматҳои арзандаи иштирокчиёни Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон-аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар комёб шудан ба сулҳу ризоияти миллӣ фаромӯш намекунем. Тавсияву пешниҳодҳо ва муроҷиатномаҳои мушаххаси онҳо барои ба ҷараёни мақсаднок равона кардани музокироти миёни тоҷикон мусоидат намуданд».
Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз низ нерӯи бузурги сиёсие мебошад, ки дар худ тамоми ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳо ва ҳаракатҳои собиқ мухолифин, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, эҷодӣ, касбӣ ва дигар идтиҳодияҳои ҷамъиятии бонуфузи мамлакатро муттаҳид сохтааст. Ин қудрати бузург ва умедбахшест баҳри ноил гаштан ба мақсадҳои олӣ-таъмини сулҳу ваҳдат, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон. Бо дарназардошти ин аз ҷониби аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамдиди бемӯҳлати Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ба имзо расид.
Мо имрӯз ифтихор аз он дорем, ки Фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намунаи ибрат гардид ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардид. Таърихи тамаддун ёд надорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин мӯҳлати кӯтоҳ қатъ шуда бошад ва ҷонибҳои даргир дасти дӯстӣ ба ҳам дода, фаъолияти солими дастгоҳи воҳиди давлати хешро ба манзури ободии кишвар равон намоянд.
Ваҳдатат поянда бод, Тоҷикистони азиз!
Назарова М. С.,
Мудири кафедраи фанҳои гуманитарии
МДТ «Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ»