Наврӯз – яке аз қадимтарин ҷашнҳои рӯи Замин ба шумор рафта, натанҳо рамзи бедоршавии табиат, оғози кишту кор, балки вақти пок шудани қалбҳо ва оғози зиндагии нав аст. Наврӯз ҳазорсолаҳост, ки бо қадами сабзи худ кӯҳнаҳоро нав мекунад ва ба дили миллионҳо нафар рӯҳи тоза мебахшад.
Наврӯз – ҳамчун қадимтарин ҷашни то ба имрӯз боқимонда, дар моҳи сентябри соли 2009 ба феҳрасти осори фарҳангии инсонияти ЮНЕСКО шомил гардид ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 аз ҷониби Маҷмаи 64 – уми Анҷумани кулли СММ (Созмони Миллали Муттаҳид) 21 март «Рӯзи байналмиллалии Наврӯз» эълом карда шуд. Наврӯз рӯзи баробаршавии шабурӯз – 21 март ҷашн гирифта мешавад.
Наврӯз иди эҳёи табиат буда, ҳамчун ҷашни Соли нав низ шинохта мешавад. Наврӯзро дар баробари мардуми Эрону Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунин қавму миллатҳои зиёде таҷлил ва арҷгузорӣ мекунанд. Тибқи маълумоти расмӣ Наврӯз ҳоло дар 12 кишвари ҷаҳон (Тоҷикистон, Озарбойҷон, Албания, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Македония, Туркманистон, Туркия, Покистон, Узбекистон) ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз аз 21 то 24 март ҷашн гирифта мешавад.
Наврӯз – ҷашни қадимӣ ва анъанавӣ буда, ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ–1–уми аввали ҳамал ё 21–уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон «Иди сари сол» низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст. Дар таърихи ҳазорсолаи ин ҷашн анъанаҳои зиёде мавқеъи худро пайдо кардаанд.
Асосан рамзи Наврӯзӣ инҳо мебошанд:
-
Эҳёи олами ҳастӣ – табиат ва инсон
-
Ваҳдат, ҳамбастагии ғояҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ, нуқтаи назарҳо
-
Умед, зебоӣ ва шукуфоии офаридаҳои табиат ва инсон
-
Сулҳ, пок шудан аз ғазабу нафрат, пок кардани руҳу ҷон
Яке аз рамзҳои наврӯзӣ ин ҳафт “Син” мебошад. Хафтсин – ин мизи идона бо ҳафт намуди таомҳост. Ҳама чиз дорои рамзи махсус мебошад:
-
Санҷид – рамзи ҳикмат ва даъват ба андешаи нав
-
Себ – рамзи тансиҳати инсон ва ҷомеа
-
Сир – рамзи ҳимоя аз бемориҳо
-
Сирко – рамзи ризоият ва фурӯтанӣ
-
Сабза – муваффақият, меҳрубонӣ, шодмонӣ
-
Суманак – рамзи қувват ва ҳосили хуб
-
Сумах (як намуд растании ёқутранг) – рамзи адолат ва умед
Муносибат нисбати ҳафтсинҳо бояд ба қоидаҳои зерин мувофиқат кунад:
-
Хӯроки ғизодор бошад;
-
Пойгоҳи растанӣ дошта бошад;
-
Бо ҳарфи форсии “Син” сар шавад;
-
Ба организм фоиданок бошад;