Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ ҶАШНИ “НАВРӮЗ”

Наврӯз иди бостонӣ ва анъанаи халқҳои эронӣ (баъдтар дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ ҷорӣ шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ якуми фарвардин (ҳамал) ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ҷойҳо “Иди сари сол” ва “Иди соли нав” низ меноманд. Тақрибан 3 ҳазор сол муқаддам пайваста ба инкишофи деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ва ривоҷ ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз  оид ба табиати муранда (дар зимистон) ва зиндашавнда(дар баҳор) вобаста будааст.

Дар аҳди Ҳахоманишиён ба ҳукми анъана даромада, ба иди расмии эрониён табдил ёфт. Аксарияти асотиру ривоятҳои бостонӣ оғози ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат медиҳанд.

Бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобулиён нисбат медиҳанд. Бар тибқи ин ривоётҳо, ривоҷи Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул боз мегардад, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон иҷро менамуд.

Санадҳои таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки Дорои I ба муносибати Наврӯз дар соли 414 қабл аз мелод сиккае аз ҷинси тилло зарб намуд, ки дар як сӯи он сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст. Ҳамчунин дар баъзе ривоёт, аз Зардушт ба унвони бунёдгузори Наврӯз номбар шуда аст.

Равоёти дигаре низ, ки дар даст аст ва дар манобеи мухталиф аз онҳо ёд шуда, бешу кам бо ҳамин таъбирот ҳамроҳӣ дорад, ки «рӯзи аввали фарвардин ибтидои баҳор аст ва инро “Наврӯзи кӯчак”, “Наврӯзи омма” ва «Наврӯзи сағир» гуянд. Худой таъоло дар ин рӯз оламро офарид ва ҳар ҳафт кавкаб дар авҷи тадвир буданд ва авҷоти ҳама дар нуқтаи аввал Ҳамал буд. Дар ин рӯз ҳукм шуд, ки ба сайру давр дароянд ва Одам алаҳиссаломро низ дар ин рӯз халқ кард ва баъзе гуфтаанд, ки Ҷамшед, ки ӯ аввал Ҷам ном дошт ва арабон ӯро Манушалх мегуянд, сайри олам мекард. Чун ба Озарбойҷон расид, фармуд тахти мурассае бар ҷои баланде рӯ ба ҷониби машриқ, гузоранд ва худ тоҷи мурассае бар cap ниҳода, бар он тахт биншаст.

Ҳамин ки офтоб тулӯъ кард ва партаваш бар он тоҷу тахт уфтод, шуое дар ғояти равшанӣ падид омад. Мардумон аз он шод шуданд ва гуфтанд «ин рӯзи нав аст» ва чун ба забони пахлавӣ шуоъро «шед» мегӯянд, ин лафзро бар ҳукм афзуданд ва ӯро Ҷамшед хонданд ва ҷашни азим карданд ва аз он рӯз ин расм пайдо шуд». Мӯҳраз аст, ки агар ҳам дар дарбори шоҳони Сосонӣ як моҳро ба наврӯз ихтисос медоданд, ин амр мусталзами он набуд, ки оҳоди раият низ даст аз кор бикашанду ба айшу нӯш пардозанд. Чун раволи зиндагии аксарияти заҳматкаш низ бар кору талоши доим устувор буд ва ҳамон ки сездаҳи Наврӯз ба cap мерасид, ба таври ҷиддӣ кӯшишҳои вақфанопазиру бетакаллуфи худро аз cap мегирифтанд. Дар ҳар яке аз рӯзҳои Наврӯзӣ омма, табақае аз табақоти мардум (деҳқонон, рӯҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашроф) ба дидори шоҳ меомаданд ва шоҳ ба суханони онҳо гӯш медод ва барои ҳалли мушкилоти онҳо дастур содир мекард. Дар рӯзи шашум, шоҳ ҳаққи табақоти гуногуни мардумро адо карда буд ва дар ин рӯз, танҳо наздикони шоҳ ба ҳузури ӯ меомаданд. Рӯзи аввали фарвардинмоҳ шоҳон ба тахт дар сар тоҷи ҳафтситорадор менишастаанду тӯли панҷ рӯз мардумро қабул мекардаанд, ҳоҷати онҳоро мебаровардаанд ва ҳадяҳо мебахшидаанд. Нахустин касе, ки барои подшоҳ меомад, мубади мубадон ва пас аз он дигарон, ҳар кадом дар гурӯҳи пешаи худ, пеш меомад ва раҳовард пешкаш мекарданд. Рӯзи шашум, Наврӯзи Бузург буд ва хонадони шоҳӣ ва дарбориён бор меёфтанд. ҷашни Наврӯз, ки дар гузашта баргузор мешуд, ҳамин панҷ рӯзро дар бар мегирифт.

Дар Осиёи Миёна ва Эрон аз асри VII то милод тақвими авестоӣ ҷорӣ буд. Мувофиқи ин тақвим солро ба 12-моҳи 30-рӯза тақсим карда будаанд. Ҳар 30 рӯзи моҳ номҳои махсус дошт, ки яке аз он рӯзҳо бо номи он моҳ ҳамном буд ва он рӯзро ҷашн мегирифтанд. Аз ин 12 ҷашн 3-тоаш аз сабаби он ки дар ин рӯзҳо ҳолати табиат тағйир меёфт, муҳимтар шуморида мешуд. Ҷашни аввали баҳорро “Наврӯз” ҷанши аввали тирамоҳро “Меҳргон”, ҷашни рӯзи 10-уми баҳманмоҳро (ба 30-январи солшумории мелодӣ рост меояд), ки панҷоҳ рӯз пеш аз Наврӯз меомад, “Сада” мегуфтанд. Ҷашни Наврӯз айёми баробар шудани шабу рӯз, ҳангоми эҳъёи табиат, оғози мавсими баҳории киштукори деҳқонӣ буда, нисбат ба дигар ҷашнҳо эътибори бештаре дошт.

Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти овардашуда аз осори Абурайҳони Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки – ин донишманд, ба таври густурдае дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун, на танҳо ганҷинаҳои куҳанро мековад ва дарҳои онҳоро ба рӯи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ, хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покиза гардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.

Дар бораи чанд рӯз ҷашн гирифтани Наврӯз ақидаҳои мухталиф мавҷуданд. Мувофиқи маълумоти Абӯрайҳони Берунӣ шоҳони сосонӣ Наврӯзро шаш рӯз ҷашн мегирифтанд. Онҳо рӯзи аввали Наврӯзро бо қабулу пазироии мардум мегузарониданд. Рӯзи дуюм мансабдорон ва давлатмандонро қабул намуда, суҳбат меоростанд. Рӯзи сеюм мубадон (рӯҳониёни аҳли зардушт), рӯзи чаҳорум аҳли дарбор, рӯзи панҷум фарзандон, хешу таборонро пазироӣ мекарданд. Рӯзи шашум, ки расид худи шоҳ Наврӯзро ид мекард. Барои ҳамин ҳам ҷашни рӯзи шашумро Наврӯзӣ Бузург номидаанд. Бояд қайд кард, ки дар Осиёи Миёна, Эрон, Озарбойчон Наврӯзро 13 рӯз ҷашн мегирифтаанд ва рӯзи-13-ум аз манзили худ ба беруни шаҳр ба сайр мебаромадаанд, ки онро дар Эрон  “Сенздаҳбадар” меноманд.

Арабҳо баъди истилои Осиёи Миёнаю Эрон кӯшиш карданд, ки ҷашнҳои қадимаю анъанавии халқҳои маҳаллиро аз байн баранд. Вале халқ фишор ва мамонияти аҷнабиён нигоҳ накарда, Наврӯзро ҷашн мегирифт. Арабҳо ноилоҷ Наврӯзро ”Суннати Ҷамшед” номида, ба ҷашнгириаш иҷозат доданд. Ба ивази ҳафт шин (шакар, шамъ, шарбат, шароб, шиннӣ, шир, шона) ҳафт син ҷорӣ шуд: дастархонро ба ҳафт навъи неъмат,ки бо ҳарфи син шурӯъ мешуд, оро медоданд: сирко, сабзӣ, сумоқ, санҷид, сир, себ ва сипанд. Дар баъзе хонадон ба ҷои сумоқ ва сипанд сабза, суманак ё самбӯса хозир мекунанд. Дар аҳди Сомониён барои равнақи анъанаҳои бостонии халқи тоҷик ва халқҳои дигари Мовароуннаҳру Хуросон шароити мусоид фароҳам омад. Дар ин давра Наврӯз ва Садаю Меҳргон васеъ ҷашн гирфта мешуданд.

Мувофиқи маълумоти Абӯбакр Муҳаммади Наршахӣ Наврӯзро аввал кишоварзон дар рӯзи якуми фарвардин, баъди панҷ рӯз муғон (оташпарастон) ид мекарданд, ки аз ин рӯ “Наврӯзи кишоварзон” ва ”Наврӯзи муғон” меномиданд. Аксари шоирони асрҳои  X – XI дар васфи Наврӯз Меҳргон ва Сада шеърҳо офариданд. Наврӯз дар аҳди Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён ва ҳатто баъди истилои муғул аз тарафи халқҳои меҳнаткаш бо тантана ид карда мешуд. Мардум ба пешвози Наврӯз тайёрӣ медиданд, хонаҳоро рӯбучин карда, тоза нигоҳ медоштанд ва оро медоданд. 25-рӯз пеш аз Наврӯз дар зарфҳои махсус гандуму адас (наск) сабзонида, дар рӯи дастархон мегузоштанд ва омад – омади кишти деҳқониро аз рӯи ҳолату сабзиши онҳо пешбинӣ менамуданд. Ба истиқболи ин ҷашн таомҳо, ҳалвою шириниҳои гуногун мепӯхтанд. Хонҳои наврӯзиро бо ҳафт навъи мева, самбӯсаю нонҳои гуногун зиннат медоданд. Аз ҳафт дарахти мева ҳафт шохча бурида, рӯи дастархон мениҳоданд. Дар Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Ҳисор, Бадахшон, Кӯлоб ва дигар ҷойҳо идгоҳҳои махсус вуҷуд дошт. Ҳар гуна дилхушиҳо ва бозию сайрҳои халқӣ баргузор мегардад (дар баъзе ноҳияҳои ҳозираи Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд Наврӯзро 21-март не, балки 7-март ҷашн мегирифтанд).

Наврӯз маросимҳои зиёде дорад, ки ба ҷо овардани онҳо дар ин давраи таҷлили ҷашн ҳатмӣ шуморида мешавад. Пеш аз ҳама то оғози Наврӯз дар лаълиҳо тухми гандум гузошта мешавад, ки то фаро расидани ид неш зада, мисли сабза медамад ва баъди ба қадри панҷ-шаш ангушт қад кашидани он ба атрофи он пораи матои сурх – алвон баста шуда, ба дастархон гузошта мешавад. Инчунин аз ҳамин гандуми нешзада суманак тайёр карда мешавад. Ба ғайр аз ин дар маросими ҷашнӣ оро додани дастархони “ҳафтсин” низ маъмулу ҳатмӣ мебошад, ки аз ҳафт адад анвое, ки бо ҳарфи син (с) оғоз меёбад, иборат аст: себ, сабза, сирко, санҷид, сикка, сир, суманак. Ин ҷо қобили тазаккур аст, ки ҳар як ашёи рамзи махсусеро ифода менамояд: себ – аломати зебоӣ, сабза, яъне донаҳои сабзидаи тухми гандум – рамзи зиндагӣ, эҳёи ҳаёт, сирко – дарозумрӣ ва сабру тоқат, санҷид – меҳру муҳаббати поку беолоиш, сикка – сарвату дороӣ, шукуфоӣ, сир – тандурустӣ ва дур гаштан аз бадбахтию нокомӣ ва суманак – рамзи фаровонию осудагӣ. Дар ин зимн бояд ёдовар шуд, ки суманак як ҷузъи асосӣ ва ҳатмии дастархони наврӯзӣ мебошад. ки бидуни он густурдани суфраи идона ғайри қобили қабул шуморида мешавад. Тайёр кардану анҷом додан ва пухтани суманак худ як раванди муайянеро молие аст. Қабл аз ҳама донаҳои гандум ба зарфи ҳамвори фулузӣ гузошта шуда, ба рӯи он об мепошанд ва болои он бо матои сафед – дока пӯшонида мешавад, ин се рӯз идома меёбад. Баъд ниҳолҳои сабзидаро бо корд хеле хурд реза мекунанд. Сипас оби онро полуда, бо орд ва об омезиш дода, ба қадри даркорӣ равған илова менамоянд ва ба дег андохта бо кафлес банавбат ковиш медиҳанд. Ин анъана сирф аз ҷониби занҳо анҷом дода мешавад ва дар арафаи иди Наврӯз сурат мегирад. Занҳо ҳангоми ковидани суманак суруд мехонанд.

Ҳамин тариқ, Наврӯз иди ниёгон, иди гузаштагон ва яке аз ҷашнҳои қадимаи аҷдодонамон буда, то ба имрӯз мо тоҷикон онро бо як шукӯҳу шаҳомати баланд ҷашн мегирем. Гузаштагони мо дар боби Наврӯз бисёр навиштаанду гуфтанд ва сухан аз он ҳамвора муқаррар аст, аммо дар илму адаб такрор малоловар аст, вале ақл такрорро дӯст дорад, табиати офаридгор такрорро дӯст дорад, эҳсос такрорро дӯст дорад, зеро ҳама аз такрор ҷон мегирад ва аз ин хотир Наврӯз достони зебоист: табиат, ҷомеа, ақл, эҳсос ва амсоли ин аз такрор нерӯманд мешавад, Наврӯз ҷашни табиат буда, ҳангомест, ки рӯзгори куҳан зиндагиро аз сар мегирад ва замона ва он чи дар ӯст, нав мешавад. Мавҷудоти олам ҳаёти нав меёбанд ва соли ҳақиқӣ даврае аз адвори хешро ба поён расонида, вориди марҳилаи тозае мегарад. Наврӯз ҷашни эҳёи мавҷудоти гетӣ буда, танҳо покию сафо ва хуррамию фаровонӣ оварад.

Наврӯзи Аҷам, ту ҷашни миллат ҳастӣ,

Ту рамзи салоҳу сулҳу ваҳдат ҳастӣ.

Дар ин суханон як олами маъниҳост,

Бар мардуми мо бахту саодат ҳастӣ.

Таҳиякунанда: Саидова Мавҷуда  Мирзошарифовна – муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.