Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ЧОРАБИНИИ ТАРБИЯВӢ-ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ МОДАР» ДАР КАФЕДРАИ «ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ» МДТ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ»

Тибқи дастуру супоришҳои директори МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» н.и.т. Ашуриён Ш.С ва  нақша чорабиниҳои аз ҷониби шуъбаи тарбия пешиҳодшуда ва тасдиқгардида, дар кафедраҳои муассиса соатҳои  тарбиявӣ ва чорабиниҳо оид ба «Рӯзи модар»  баргузор мегардад. Мақсад баланд бардоштони маърифати ахлоқии муҳасиллин, муҳаббат нисбат ба модар ва ватан мебошад. Бо ин мақсад санаи 06.03.2023 бо роҳбарии омӯзгорони кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ»  Қандова Рушана ва Дилангези Раҷаб ва гуруҳи 115 КҲ чорабинии фарҳангӣ зери унвонӣ «Ту монандӣ замин  яктои модар» баргузор гардид. Дар оғоз мудири кафедра н.и.ф. Назарова М чорабиниро оғоз намуда, оиди фазилати модар ва нақши ӯ дар бамақсадрасиданҳо гуфта гузаштанд. Ҳамчунин ҳамаи омӯзгорон ва донишҷӯёнро бо «Рӯзи модар» табрик намуда,барои фаъолияти мибаъда муваффақият  таманно намуданд. Сипас дониҷӯён маърӯзаҳо дар мавзӯҳои «Аз таърихи 8-март» ва ҳамчун «Рӯзи модар» таҷлил шудани ин рӯз маълумот пешниҳод намуданд. Донишҷӯдухтарон дар васфи модар  шеърҳо қироат намуда, саҳнаи тарбиявӣ намоиш доданд. Суруду рақс дар иҷрои донишҷӯён ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид. Дар чорабинӣ сардори ШИМ  Абдураҳмонова Х., декани шуъбаи Кори ҳамширагӣ дар касмитология Олимова Ш. ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд. Дар анҷом декани шуъбаи  Кори ҳамширагӣ дар касмитология Олимова Ш ба ташкилкунандагони чорабинӣ минатдорӣ баён намуда, ба донишҷӯёни муассиса саодатмандӣ ва комёбиҳо таманно намуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.