Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҲАМОИШИ ТАНТАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАРОН” ТАҲТИ УНВОНИ “МОДАР – МЕҲР, ОДОБ, ДУНЁ, АҚЛ, РАҲМ!”

Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар як инсони бонангу бономус аст. Мо дар сурате ба пирӯзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхории ӯ расем.

Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 8-уми мартро ҳамчун “Рӯзи модар” ва рамзи сипоси бепоён ба мақому мартабаи Зан – Модар таҷлил мекунанд. Аз ин лиҳоз, “Рӯзи модар” эълон гардидани ин сана дар кишвари мо ҳаргиз амри тасодуфӣ нест, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад. Ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии модар аст. Яъне дунё дар домони биҳиштии модар парвариш меёбад ва аз ин рӯ, башарият ҳамеша аз ӯ сипосгузор мебошад. Хираду наҷобат ва бузургии модар дар адабу фарҳанги халқу миллатҳои мухталифи ҷаҳон ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст.

Бо ҳамин мақсад, санаи 7 март, барои арҷ гузоштан ба бузургии “Модар” ва боз ҳам баланд бардоштани мартабаи “Зан-модар” дар ҷомеа тибқи дастуру супоришҳои директори Муассиса н.и.т Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақша-чорабиниҳои қисми тарбия бо ибтикори муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Саидова Мавҷуда Мирзошарифовна ва кормандони Шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони “Модар – меҳр, одоб, дунё, ақл, раҳм!” дар бинои фарҳангии Муассиса баргузор гардид.

Ҳамоиши идонаро директори Муассиса н.и.т Ашуриён Ш. С. ҳусни оғоз бахшида, иброз намуд, ки аз қадимулайём мардуми сарбаланди тоҷик арҷгузорӣ ва эҳтироми Модару бонувонро дар ҷойи аввал гузошта, баҳри хушбахтиву сарбалнандии занон тамоми талошу кӯшишҳои пайвастаи хешро сафарбар менамуданд. Дар баробари ин, бонувон ва занони тоҷик низ дорои беҳтарин ахлоқи инсонӣ ва қалби ҳалиму меҳрубон буданд. Дар ҷомеаи муосир хоса баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба занону бонувон аҳамияти хоса дода шуда, барои рушди малакаи касбии онҳо шароитҳои муфид фароҳам оварда шуд. Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқие қабул гардиданд, ки мақоми занро дар ҷомеа боз ҳам баландтар бардошта, дахлнопазирии рӯҳиву равонии онҳо низ зери ҳимояти Ҳукумати мамлакат қарор гирифт.

Заҳмати шабонарӯзии модарон ва бонувон буд, ки имрӯзҳо фарзандони баору номус ва ватанпараст ба халқу миллат хизмат намуда истодаанд.

Мавсуф дар фарҷоми суханронӣ тамоми бонувони азизу гиромиро ба “Рӯзи модарон” табрик ва таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо тинҷиву оромиро таманно намуд.

Баъдан муовини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Муминзода Ҷ. С. суханронӣ намуда, якчанд шеъру сурудҳои дилнишинро бе мусиқӣ зам-зама намуданд.

Сипас дар доираи нақшаи чорабинии идона аз ҷониби дастаи ҳаваскорони “Шифобахш” шеърҳову таронаҳо дар васфи “Зан-модар” аз ашъори бузургони халқи тоҷик қироат гардида, ба ҳозирин рӯҳу илҳоми идона бахшид.

Дар фарҷоми чорабинии мазкур аз ҷониби роҳбари Муассиса ба омӯзгоронзанони фаъол ва кормандони қисми хоҷагидорӣ бо маблағҳои пулӣ ҳавасманд карда шуданд.

Идатон муборак модарон ва бонувони азиз!

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.