Хабарҳо ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ – ТАРБИЯВӢ БА ИФТИХОРИ “РӮЗИ МОДАР” ТАҲТИ УНВОНИ “ҲАЁТ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД” Бо admin On Mar 9, 2023 0 Модар сафобахшандаи ҳаёт буда, аз ҳама қиматтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми ҷаҳон саховатмандона нурпошӣ мекунад. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН Дар асоси дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Ш.С. ва нақша – чорабиниҳои Шӯъбаи корҳои тарбиявӣ ба хотири арҷгузорӣ ба ифтихори “Рӯзи модар” санаи 06.03.2023. дар толори маҷлисгоҳи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” чорабиниии фарҳангӣ – тарбиявӣ таҳти унвони “Ҳаёт аз модар сарчашма мегирад” баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси кафедраҳои “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” , “Тибби оилавӣ” ва “Фанҳои морфологӣ”– и Муассиса гузаронида шуд, ки дар он тамоми омӯзгорзанони Муассиса иштирок намуданд. Чорабиниро директори директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Ш.С. ҳусни ифтитоҳ бахшида, модарон ва бонувони Муасссисаро муборакбод намуда, тазаккур дод, ки дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст. Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин, азизтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад. Дар фарҷоми суханронии худ, муаллимаи гиромӣ тамоми модарону бонувони азизу меҳрубон ва хоҳарони арҷмандро ба ифтихори Рӯзи Модар сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо нуру сафо, ваҳдату оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва файзу баракат орзу намуданд. Сипас дар асоси нақшаи чорабаниҳои Шӯъбаи корҳои тарбиявӣ аз ҷониби устодони кафедраҳои “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” , “Тибби оилавӣ” ва “Фанҳои морфологӣ” чорабинии фарҳангӣ, ки тараннумгари меҳру садоқат ва эҳтироми “Модар” буданд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Ш.С. суханронӣ намуда, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани чорабинӣ ба ҳамаи иштирокчиён изҳори қаноатмандӣ намуданд ва бори дигар тамоми бонувони модаронро ба ифтихори “Рӯзи Модар” табрик намуданд. Бо Фармоиши директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Ш.С. омӯзгорзанони фаъол ва ҳамаи коргарони (занони) техникии Муассиса бо тӯҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҷашни Модар ва истиқболи баҳор муборак, модарону хоҳарони азиз!. Пеш 1 то 15 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан