Хабарҳо ДАРСИ КУШОДИ НАМУНАВӢ ДАР МАВЗӮИ “МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ВНМО ВАСИЛАИ ҲИМОЯИ СОЛИМИИ ҶОМЕА” АЗ ҶОНИБИ КАФЕДРАИ “ГИГИЕНА” – И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Mar 11, 2023 0 Санаи 10-уми марти соли ҷорӣ баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои роҳбари муассиса н.и.т Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва дар доираи нақшаи “Ҳафтаи фаннӣ” бахшида ба иҷроиши “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” аз ҷониби кафедраи “Гигиена” дар МД “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО”, дарси кушоди намунавӣ бо донишҷуёни факултети “Кори тиббию профилактикӣ” ва факултети “Кори момодоягӣ” гузаронида шуд. Дар он мудири кафедраи “Гигиена” н.и.т.,Шарипов А.С., мудири шӯъбаи Диспонсерии МДМҶ ВНМО Ватанова Н.Д., мудири шӯъбаи лабораторияи ВНМО Истамова Л. ва омӯзгорони кафедра фаъолона иштирок намуданд. Сараввал мудири кафедра н.и.т., Шарипов А.С. ва мутахассисони баландихтисос оид ба бемории ВНМО баромад намуданд. Ба донишҷӯён таҳкид намуданд, ки рафтори дуруст ва тарзи ҳаёти солим метавонад, инсонро аз сироятёбии бемории ВНМО муҳофизат намояд. Дар охир бо донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифт. Пеш 1 то 6 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан