Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ОМӮЗИШИ НУКТАҲОИ СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН, БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 17 августи соли 2020 ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, бахшида ба Рӯзи дониш дар толорҳои омодакардашуда шуниданд. Пешвои миллат зимни суханрониашон қайд намуданд, ки дар натиҷаи саъю талоши Ҳукумати мамлакат ва заҳмати фидокоронаи кормандони соҳаи тандурустӣ шиддати бемории зукоми навъи Covid-19 хеле паст шуд ва имрӯз дари ҳамаи муассисаҳои таълимӣ барои таълимгирандагон боз гардид. Дар натиҷаи роҳандозӣ намудани таътили тӯлонӣ мо тавонистем, ки саломатии наврасону ҷавонон ва устодонро аз ин беморӣ эмин дорем. Соли нави таҳсил тибқи анъана бо дарси сулҳ оғоз мегардад.
Воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумиятҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст оварданд.

Зеро сулҳу оромӣ шарти муҳимтарини устуворӣ ва пойдории давлат, осоиши ҷомеа ва амалӣ шудани нияту орзуҳои ҳар як фард мебошад.

Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳаммияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, ба наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем.

Тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар ҳар давру замон омӯхтани илму донишро яке аз шартҳои асосии рушди маънавиёти инсон медонистанд. Ин анъана то ба имрӯз идома ёфта, дар замони соҳибистиқлолӣ мазмун ва арзиши нав касб кардааст. Дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди нерӯи инсонӣ робитаи мустақим дорад.

Бо вуҷуди ин, то ба ҳол дар самти илму маориф як силсила камбудиву мушкилоте вуҷуд доранд, ки онҳо дар маҷмӯъ, монеаи пешрафти соҳаҳои зикршуда ва дар айни замон рушди кишвар гардида истодаанд, аз ҷумла:

– ҳоло ҳам паст будани сифати таълим ва вобаста ба ин, сатҳи пасти дониши хонандагону донишҷӯён, тафаккури илмии аспирантон ва як қисми олимони унвондор;

– дар сатҳи паст қарор доштани сифати таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиву англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва мактабҳои олӣ ҳамчун воситаи асосии дастрасӣ ба дастоварди илму техника ва дигар равандҳои ҷаҳони муосир;

– сатҳи пасти таълими фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дар натиҷаи ин паст будани сатҳи тафаккури илмии донишҷӯён ва унвонҷӯёну муҳаққиқони риштаҳои мазкур;

– паст будани сатҳи касбияти кадрҳои ҷавон, хусусан, дар соҳаи тандурустӣ;

– норасоии омӯзгорони соҳибтаҷриба, махсусан, омӯзгорони фанҳои табиӣ.

Ҷаҳони пурталотуми имрӯза мардуми сайёраро ба мушкилоту тазодҳои зиёди хеле сангин рӯбарӯ намудааст, ки хатарноктарини онҳо терроризми байналмилалӣ, радикализму экстремизми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ мебошад. Дар чунин шароит устодону омӯзгорон, падару модарон, аҳли зиё ва шахсони обрӯманду таҷрибадор вазифадоранд, ки наврасону ҷавононро барои омӯхтани илму дониш, азхудкунии касбу ҳунар, самимона дӯст доштани Ватан, давлати соҳибистиқлол худ ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ роҳнамоиву тарбия намоянд.

Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки гузаштаи пурифтихори халқамонро ба насли оянда омӯзонем, то ки онҳо ба қадри истиқлолу озодӣ, яъне мафҳумҳои муқаддасу сарнавиштсози миллатамон расанд ва барои ҳимояи ин неъмати бебаҳо омода бошанд.

Падару модарон, роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо, устодону омӯзгорон ва кормандони соҳаи тандурустӣ бояд ба хонандагону донишҷӯён қоидаҳои беҳдошти шахсиро доим хотиррасон созанд ва риояи ҳатмии онҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд. Роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо вазифадоранд, ки дар ин самт тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд.

Мо ба кӯдакон ва наврасону ҷавонон бояд фаҳмонем, ки хатари бемориҳои сироятӣ, бахусус, коронавирусро саҳл нагиранд ва бо саломативу ҳаёт бозӣ накунанд.

Пешвои миллат дар охир омӯзгорону хонандагон, наврасону ҷавонон, донишҷӯён ва тамоми сокинони мамлакатро бо Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ ва барору комёбӣ орзу намуданд.

Баъди анҷоми суханронии Президенти кишвар роҳбари муассиса н.и.т., Ш.Ашуриён ҳамаи донишҷӯёнро бо фарорасии соли нави таҳсил табрик намуда, ба онҳо дар ҷодаи таҳсил бурдбориҳо орзу намуданд. Ш.Ашуриён қайд намуданд, ки солҳои соҳибистиқлоли бинобар сабаби дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои тандурустӣ ва маориф хеле рушд намуда, имрӯзҳо ба дастовардҳои назаррасе ноил гардидаанд. Роҳбари Коллеҷ бори дигар аз омӯзгорон ва донишҷӯён таъкид ба ҷо оварданд, ки оиди пешгирии бемории короновирусии Covid-19, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст эҳтиёт бошанд ва тамоми чораҳои пешгирикунандаро андешанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.