Хабарҳо ДАРСИ КУШОДИ НАМУНАВӢ ДАР МАВЗӮИ “ИМКОНИЯТҲОИ ГУЗАРИШ ДАР ҶОМЕА ВА ОИЛА” ДАР КАФЕДРАИ “ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ”-И МДТ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ Бо admin Охирин навсозӣ Apr 5, 2023 0 Санаи 04.02.2023 баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои роҳбари Муассиса н.и.т. Ашуриён Ш. С., ҷиҳати такмили фаъолияти педагогии омӯзгорон, ҷалби бештари донишҷӯён ба дарсҳои иловагӣ ва таҳкими дониши омӯзгорон дар кафедраи”Фанҳои гуманитарӣ” аз ҷониби омӯзгор Қаландарова М. И, аз фанни “Сотсиология” бо донишҷӯёни гуруҳӣ 301 “Кори ҳамширагӣ” баъди 9 дарси кушоди намунавӣ дар мавзӯи “Имкониятҳои гузариш дар ҷомеа ва оила” баргузор шуд. Дар дарси кушод сармутахассиси шуъбаи таълим Мазабова Н. Н., иштирок доштанд. Дарси кушод бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим, аёниятҳову расмҳо муариффии фаннӣ ва тахтаи электронӣ ҷараён гирифт. Омӯзгор тавонист бо усулҳои муосири таълим ва таҷрибаи педагогии худ мазмуни асосии дарсро ба донишҷӯён фаҳмонад. Дар интиҳо намояндаи назорати сифати таҳсилоти Коллеҷ фикру пешниҳоди худро оиди дарси кушод иброз намуданд. Пеш 1 то 4 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан