Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ВОХУРӢ БО ХАТМКУНАНДАГОНИ ФАКУЛТЕТҲОИ “КОРИ ДАНДОНСОЗӢ”, “КОРИ ТАБОБАТИ ДАНДОН” ВА “КОРИ ҲАМШИРАГӢ (9)”

Санаи 04.04.2023с тибқи нақшаи тасдиқгардида аз тарафи директори Муассиса н.и.т Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар маҷлисгоҳи бинои таълимии 2-юм вобаста ба сафарбар намудани донишҷӯёни хатмкунанда ба таҷрибаомӯзии қаблидипломӣ бо иштироки муовини директор оид ба таълими амалӣ Давлатзода А. Д., мудири бахши таҷрибаомӯзӣ Ризоев Ҳ. Р., декани факултетҳои “Кори табобати дандон”, “Кори дандонсозӣ” Аҳмадзода М. А., декани факултети “Кори ҳамширагӣ (9)” Қурбонов Н. Т., ва донишҷӯёни факултетҳои зикршуда вохӯрии судманд баргузор гардид.

Сараввал Ризоев Ҳ. Р., оиди тартиби баргузории таҷрибаомӯзӣ баромад намуда донишҷӯёнро бо тамоми тартиботу қоидаҳои ҷойдошта шинос намуда, аз тамоми ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар давоми таҷрибаомӯзӣ хислатҳои ҳамидаи инсониро риоя намуда аз худ тарбияи воло нишон диҳанд.

Баъдан муовини директор оид ба таълими амалӣ Давлатзода А. Д., суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки мувофиқи низомномаи таҷрибаомӯзӣ амал намуда, рафтан ба таҷрибаомӯзӣ, тарзи пур намудани дафтарчаи таҷрибаомӯзӣ, риояи либосҳои тавсиявӣ ва дигар самтҳо суханронӣ намуда ба ҳозирин барои бо сари баланд баргаштан аз таҷрибаомӯзӣ муваффақиятҳо хостанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.