БАСТАНИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БО ЯК ҚАТОР КОЛЛЕҶ ВА ТЕХНИКУМҲОИ ТИББИИ ҶУМҲУРИИ УЗБЕКИСТОН ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”
Ҳамкориҳои байналмиллалӣ боиси вусъатёбии пешрафти илму техника гашта, имкон медиҳанд ки таҷрибаи муваффақи дигар давлатҳо самаранок истифода шаванд, аз ин рӯ роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” тасмим гирифтаанд, ки бо ҳар чи зиёдтар муассисаҳои таълимии миёнаи касбии бурунмарзӣ, ки ба омодасозии мутахассисони соҳаи тиб машғуланд, ҳамкориҳои дуҷониба барпо намоянд.
Дар робита бо гуфтаҳои боло, санаи 8 апрели соли 2023 бо ташаббуси директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода бо як қатор директорони коллеҷ ва техникумҳои тиббии Ҷумҳурии Узбекистон вохӯрӣ баргузор гардид. Аз ҷониби Ҷумҳурии Узбекистон директори “Техникуми тиббии Сариосиёӣ”-и шаҳри Сариосиё – Юсупов Ш.А., директори “Коллеҷи тиббии Деҳқонобод”-и шаҳри Деҳқонобод – Аликулов У.Н., директори “Коллеҷи тиббии Шурчӣ”-и шаҳри Шурчӣ – Саидов И. ва директори “Техникуми тандурустии ҷамъиятии Муборак ба номи Абӯалӣ ибни Сино”-и шаҳри Муборак – Юсупов Н.Э. ҳузур доштанд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили мухталифи ҳамкориҳои байналмиллалиро баррасӣ намуда, ба хулосае омаданд, ки баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо ва баҳри табодули таҷрибаи таълимию илмӣ ва методӣ созишнома баста, тибқи он ҳамкориҳои судманди бисёрҷонибаро ба роҳ монанд.
Лозим ба ёдоварист, ки ин аввалин созишнома миёни МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Узбекистон набуда, чанде қабл дар расонаҳои хабарии Муассиса оид ба бастани созишномаи ҳамкорӣ бо “Коллеҷи тиббии Сузангарон”-и шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ дода будем.
Дар оғози вохӯрии имрӯза директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода бо ҳамроҳии меҳмони олиқадр аз марказҳои омӯзиши малакаҳои амалӣ, маркази тестӣ, китобхонаи муассиса ва як чанд кафедраҳои таълимӣ дидан намуда, ба меҳмонон оид ба дастовардҳо ва иқтидори таълимии Муассиса, инчунин оид ба бинои дармонгоҳ, ки сохтмонаш дар шафати бинои асосии Муассиса идома дорад, иттилои муфассал доданд.
Сипас дар толори маҷлисӣ барои гирифтани иттилои пурра навори видеоӣ тариқи дастгоҳи мултимедӣ пахш гардид, ки меҳмонон аз он тамоми иттилои заруриро барои худ гирифтанд. Баъдан созишномаҳои ҳамкорӣ баста шуд, ки тибқи он минбаъд ҷонибҳо ҳамчун шарикони баробарҳуқуқ, дар асоси қонунгузорӣ ва оинномаҳои худ ҳамкорӣ хоҳанд намуд.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҳозиринро бо бастани созишномаҳои ҳамкорӣ табрику муборакбод намуда, иброз доштанд, ки ин созишномаҳо дар рушди раванди таълиму тарбия ва илми ҳарду ҷониб нақши бузург хоҳанд бозид ва бори дигар онҳоро хайрамақдам гуфта, аз эшон барои иштироки донишҷӯёнашон дар спартакиада ва олимпиадаҳои Коллеҷ даъват ба амал оварданд. Меҳмонон пешниҳоди роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”-ро пазируфтанд ва дар навбати худ роҳбарияти Коллеҷро барои дидан намудан аз муассисаҳои таълимии худ ва осорҳои таърихию шаҳрҳои бостонӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон даъват намуданд.
Роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” минбаъд низ баҳри ташаккул ва таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба бо муассисаҳои таълимии давлатҳои минтақа ва ҷаҳон сайъ хоҳанд намуд.