СУРАТГУЗОРИШ АЗ ҶАРАЁНИ ВОХУРӢ БО ХАТМКУНАНДАГОНИ ФАКУЛТЕТИ “КОРИ ФАРМАТСЕВТӢ”
Имрӯз тибқи дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриен Шаҳло Сайфуллозода вохӯрӣ хатмкунандагони факултети “Кори фарматсевтӣ” (шабона) ва “Кори фарматсевтӣ” баъди хатми синфи (9) баргузор гардид. Дар вохӯрӣ иштирок доштанд: Давлатзода А.Д муовини директор оид ба таълими амалӣ
Носирова Н.Х декани факултети “Кори фарматсевтӣ (шабона)
Додоев Б. декани факултети “Кори фарматсевтӣ баъди хатми синфи( 9)
Ризоев Ҳ.Р мудири шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ
Сангинов Ғ.Н мудири кафедраи “Технологияи дорусозӣ ва ТИФ’
Сулаймонова О.Ғ мудири кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” ва инчунин омӯзгорони кафедраҳои зикршуда иштирок намуданд.
Саравал муовини директор оид ба таълимӣ амалӣ Давлатзода А.Д суханрони намуда хатмкунандагонро таъкид намуданд, ки дар дорухонаҳо ва муассисаҳои тибби бо шаҳрвандон ва корафтодагон муомилаи хуш намуда ҳеҷ гоҳ ба дағалӣ роҳ надиҳанд ва доимо обруи “Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ”-ро дар сатҳи баланд нигоҳ доранд. Сипас мудири шӯъбаи таҷрибаомӯзи Ризоев Ҳ.Р оиди низомномаи таҷрибаомӯзӣ ва дуруст пур намудани рузномаи таҷрибаомӯзи маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дар охири вохӯрӣ хатмкунандагон аз ҷониби устодон ба саволҳои худ ҷавобҳои дуруст ва лозимиро гирифтанд.