Хабарҳо ДАРСИ КУШОДУ НАМУНАВӢ ДАР КАФЕДРАИ “ТАШХИСИ ЛАБОРАТОРӢ-и МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМУҲРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Apr 17, 2023 0 Санаи 17–уми апрели соли 2023 тибқи дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т Ашуриён Ш.С. ва нақша – чорабиниҳои шӯъбаи таълим дар кафедраи “Ташхиси лабораторӣ” дарси кушоду намунавӣ аз фанни “Усулҳои тадқиқоти клиникии лабораторӣ” барои донишҷӯёни гурӯҳҳои 211-212 уми факултети “Кори табобатӣ” дар мавзӯи “Тавсифи элементҳои шаклдории хун.(эритроситҳо, лейкоситҳо ва тромбоситҳо)” аз ҷониби омӯзгори ҷавони кафедра Бекова Моҳира баргузор гардид. Дар дарси кушоду намунавӣ декани факултети кори табобати Қаюмов. Ф.Ҷ., сармутахасиси Шӯъбаи назорати сифати таҳсилот Мазабова Н.Н., мудири кафедра Аминов. А.Ҳ., ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд. Дарси кушоду намунавии мазкур дар асоси Низомнома оид ба ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Баъд аз ҳозирғоиб аз ҷониби омузгор, донишҷуён дар бораи мавзӯи гузашта ки “Гелментҳо дар таркиби фазла” буд, мавзуъро ҷавоб доданд. Мақсади асосии ташкили дарсҳои кушоду намунавӣ пеш аз ҳама баланд бардоштани савияи донишандӯзии донишҷӯён, баланд бардоштани сифати таълим дар муассиса ва табодули таҷриба барои омӯзгорони ҷавон ба ҳисоб меравад. Дар вақти баргузории машғӯлият омӯзгор аз усулҳои фаъоли таълим ҳуҷуми мағзи сарӣ, гурӯҳбандии донишҷуён, красвордҳо, истифода бурд. Донишҷӯён низ дар раванди машғӯлият иштироки фаъолона намуданд. Дар ҷамъбасти машғӯлият Сармутахасиси Шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот Мазабова Н.Н. баромад намуда, қайд намуданд, ки дар асоси дастуру супоришҳои директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Ш.С. ва нақша – чорабиниҳо оиди дар амал татбиқ намудан ва мунтазам дарсҳои кушоду намунавӣ, мизҳои муддавар, конференсияву чорабиниҳои гуногун, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши илм мусоидат менамоянд, баргузор карда мешавад. Пеш 1 то 7 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан