Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ОЗМУНИ ДОНАНДАИ ФАННИ “АНАТОМИЯ ВА ФИЗИОЛОГИЯ ” ДАР КАФЕДРАИ “ФАНҲОИ МОРФОЛОГӢ ” – И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Тибқи дастуру супоришҳои директори муассиса н.и.т Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақшаи тасдиқнамудаи шуъбаи таълим имрӯз, 17- апрели соли равон дар кафедраи ” Фанҳои морфологӣ ” – и МДТ “Коллеҷи  тиббии ҷумҳуриявӣ” бо роҳбарии омӯзгорони кафедра даври аввали  озмуни  донандаи фанни “Анатомия ва физиология” гузаронида шуд, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва дарёфт намудани донишҷӯёни фаъолу болаёқат баҳри омода намудани онҳо ба озмун ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ.

Дар  даври аввали озмун, ки  тариқи тестӣ баргузор гардид  дар он 175 нафар донишҷӯён аз ҳамаи факултетҳо иштирок намуданд. Пас аз санҷиши даври  аввал   натиҷаи озмун пагоҳ ба саҳми донишҷӯён расонида мешавад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.