Хабарҳо ДАРСИ КУШОДУ НАМУНАВӢ ДАР КАФЕДРАИ “АКУШЕРӢ ВА ГИНЕКОЛОГИ” – И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin On Apr 17, 2023 0 Бо дастуру супоришҳои директори МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» н.и.т Ашуриен Ш.С., ва нақша-чорабиниҳои аз ҷониби шуъбаи таълим дар мувофиқа бо шуъбаи илмӣ-методӣ пешниҳодшуда ва тасдиқгардида, кафедраҳои коллеҷ машғулиятҳои кушоди намунавӣ, мизҳои мудаввар дар мавзуъҳои актуалии соҳаи тандурустӣ, маҳфили донишҷӯён ва дигар чорабиниҳо мегузаронанд. Мақсад баланд бардоштани сатҳи дониши муҳассилин бо истифода аз усулҳои муосири таълимӣ мебошад. Санаи 17 апрели соли 2023 аз ҷониби кафедраи «Акушерӣ ва гинекологӣ» (мудири кафедра н.и.т Сайдаҳмадова Ш.Ҷ) машғулияти кушод (омӯзгор Назарова М.А ва гурӯҳи 416 факултети «Кори момодоягӣ» дар мавзӯи «Пешгирии сироят дар сохтори танзими оила» гузаронида шуд. Омӯзгор ҳама марҳилаҳои машғулиятро пайи ҳам бо як маҳорати хуб гузаронид. Дар рафти машғулият усулҳои муосири таълим бо истифодаи техникаи аудиовизуалӣ васеъ истифода шуд. Дар рафти машғулият санҷиши тестӣ, масъалаҳои вазъиятӣ ва бозии нақшӣ истифода шуданд. Омӯзгор аввал худ малакаи амалиро иҷро карда, барои иҷроиши малакаи амалӣ ба донишҷӯен дастурҳо барои азхудкунӣ тақсим карда шуд. Пас аз марҳилаи машқкунӣ намоиши малака аз тарафи донишҷӯен иҷро карда шуд. Пеш 1 то 11 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан