Хабарҳо ЧОРАБИНИИ ТАРБИЯВӢ – ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНИ, ДУШАНБЕ” ДАР КАФЕДРАИ “ФАНҲОИ ТИББӢ – БИОЛОГӢ” – и МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМУҲРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Apr 17, 2023 0 Санаи 17 – уми апрели соли 2023 тибқи дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Ш.С. ва нақша чорабиниҳои шӯъбаи корҳои тарбиявӣ дар нимсолаи 2 – юми соли таҳсили 2022 – 2023 дар кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” чорабинии тарбиявӣ – фарҳангӣ таҳти унвони “ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНИ, ДУШАНБЕ” баргузор карда шуд. Дар чорабинии гузаронидашуда сармутахасиси Шӯъбаи идоракунии сифтаи таҳсилоти Муассиса Мазабова Н.Н., мудири кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” – и Муассиса н.и.ф. Назарова М.С. ва устодону донишҷӯён иштироки фаъолона намуданд. Дар оғози чорабинии тарбиявӣ – фарҳангӣ нахуст бо сухани ифтитоҳӣ Мудири кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” – и Муассиса Раҳмонова М.Ш. баромад намуда, иштирокчиёнро хайрамақдам ва бо Рӯзи Пойтахт муборакбод намуд. Зимни баромад муаллима қайд намуданд, ки бо шарофати сиёсати бомароми бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созанда ва самарабахши Раиси шаҳри Душанбе пойтахти Ватани азизи мо – шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, ба яке аз пойтахтҳои зебои ҷаҳон табдил ёфтааст. Сипас дар асоси нақша – барномаи тасдиқгардидаи Шӯъбаи корҳои тарбиявӣ чорабинӣ гузаронида шуд. Дар вақти баргузории чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён маърӯзаҳои гуногун, ки перомуни таърих ва ташаккули пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе буданд, ироа гардид. Ба хотири болидарӯҳии иштирокчиён ва шукргузорӣ аз Ватани азиз шеърҳои тараннумгари сулҳу суббот ва васфи шаҳри Душанбе қироат гардида, сурудҳо хонда шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ сухани ҷамъбастӣ ба сармутахасиси Шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот Мазабова Н.Н. баромад намуда, бори дигар аҳли нишастро ба ифтихори Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе табрик намуда ба устодон ва донишҷӯёни кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани чорабинӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳангоми баромадашон муаллима иброз доштанд, ки барои мардуми сарбаланди мо боиси ифтихору сарфарозист, ки зери сиёсати ободкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи пойтахти мамалакатамонро ҷашн мегирем. Ва ҳамаи моро зарур аст, ки ҳамчун сокинони пойтахт аз рӯйи Маромномаи сокини пойтахт кору фаъолият намуда, дар ободию пешрафти он саҳми хешро гузорем. Пеш 1 то 8 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан